Баргузории чорабиниҳои илмӣ дар БАХШИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ дар ҳошияи таҷлил аз “Рӯзи илми тоҷик” (23.04.2025).
(дар доираи “Ҳафтаи илм” – 2025)
“Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандустӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои ифротиву террористӣ, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида вобаста ба ташкил намудани чорабиниҳои илмӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” ва баргузории “Ҳафтаи илм” дар Донишгоҳи давлатии Данғара санаи 23.04.2025 БАХШИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ конференсияи умумидонишгоҳии ҳайати олимону профессорон, омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳошияи таҷлил аз “Рӯзи илми тоҷик”, бахшида ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (2020-2040), зери унвони “Ҷамбаъҳои сиёсӣ-ҳуқуқии мубориза бо зуҳуротҳои номатлуб дар шароити бархурди тамаддунҳо” баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ муовини ректор оид ба илм, д.и.и., дотсент Қодирзода Х.Қ., корманди оперативии Шуъбаи амнияти миллии ноҳияи Данғара Иноятов Азизулло, декани факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ н.и.ф. Исмоилзода М.И., мудири кафедраи хадамоти гумрукӣ н.и.ҳ., дотсент Соҳибзода М.С., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатӣ Арбобзода Б., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саидов А.И. ва ҳайати васеи омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯёни факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ ширкат намуданд.
Бахши илмҳои гуманитарӣ бевосита ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб рафта, масъалаҳои марбут ба амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ, таҳдидҳои замони муосир, мубориза бо терроризм ва экстремизмро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар бахши мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1.Ҷавобгарии ҷиноятии маблағгузории ташкилотҳои байналмилалии террористӣ – корманди оперативии Шуъбаи амнияти миллии ноҳияи Данғара Иноятов Азизулло;
2.Сарчашмаҳои пайдоиши қонунномаи Сосониён – н.и.ҳ., дотсент Соҳибзода М.С.;
3.Ифротгароии динӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он дар ҷомеаи Тоҷикистон – н.и.ф., Арбобзода Б.;
4.Роҳҳои мухталифи мубориза бо зуҳуротҳои номатлуб дар шароити бархурд ва гуфтугӯи тамаддунҳо – муаллими калон Шодиев К.О.
Бояд иброз дошт, ки дар бахши мазкур аз ҷониби ҳайати олимону профессорон ва унвонҷӯёну омӯзгорони факултети молия ва иқтисод 28 мақолаи илмӣ омода карда шуда, ҷиҳати нашр ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод карда шудааст.
Дар охири ҷаласа кори бахши конференсия бо мубодилаи афкор, музокирот ва саволу ҷавоб миёни баромадкунандагону иштирокчиён ҷамъбаст гардид.