ОҒОЗИ САБҚАТҲОИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ФУТБОЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОН ДАР ҲОШИЯИ РӮЗӢ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

     Бозии футбол яке аз омавитарин варзиш дар дунё ба хисоб рафта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сол ба сол рушд меёбад. Ба ин хотир бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Данғара байни омӯзгорону кормандони донишгоҳ мусобиқа аз руи ин намуди варзиш баргузор гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа 10 дастда фаъолона иштирок доранд. Бозии футбол миёни омӯзгорону кормандони донишгоҳ тибқи нақша дар арафаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо медалу ифтихорнома, туҳфаҳо ва ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии Данғара қадршиносӣ мегарданд.

   Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва минбаъд дар саросари ҷаҳон 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад.