Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
20 майи соли 2025 дар ноҳияи Данғара "Дави миллӣ" ба масофаи 3 км ва марафони "Велосипедронӣ" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур - таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 700 нафар кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолона иштирок намуданд. Аз рӯйи натиҷагирии доварон Зоиров Садамшо Аҳрорович - донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон аз рӯйи давидан ба масофаи 3 км соҳиби ҷойи 2-юм гардида, аз ҷониби кумитаи тадорукот бо диплом ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда шуд.
Дастоварди навбатӣ, ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара муборак бошад.