Рӯзи 20 майи соли 2025 дар доираи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтидори миллӣ оид ба назорат ва идоракунии касалиҳои занги гандум дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон семинари илми-амалӣ барои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ноҳияи Ҳисор доир намуд. Дар семинар аз ҷониби н.и.к., дотсенти кафедраи агротехнология Расулзода Б.Р. оид ба касалиҳои занги гандум, намудҳо ва аломатҳои фарқкунандаи онҳо, паҳншавӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо маърӯза пешниҳод карда шуд.
Дар қитъаи навъсанҷӣ ва зиёдкунии тухмии навъҳои гандум дар кооперативи истесолии Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор, қи қисмати амалии семинари мазкур доир карда шуд, деҳқонон бевосита бо аломатҳои фарқкунандаи касалиҳои гандум ва ҳашароти зараррасон шинос шуданд.
Дар рафти назорати қитъаҳои навъсанҷӣ ва зиёдкунии тухмӣ маълум карда шуд, ки дар мавсими парвариши гандуми тирамоҳӣ соли 2025 асосан ҳашароти зараррасон бештар паҳн шудааст. Дар ҳамаи навъҳои парваришёбанда баргхӯрак (шулукгамбусак, пявитса) зарари калон расонидааст. Аломати зараррасонии шулукгамбӯсак хӯрдани баргҳо ва боқӣ мондани танҳо пардаи шаффоф дар болои барг мебошад. Инчунин, дар барг ихроҷи сиёҳи ин ҳашароти зараррасон дида мешавад. Бар зидди шулукгамбӯсак истифодаи заҳрхимикатҳои Моспилан (1 кг дар 200 л об ба 1 га), Конфидор, Нурел-Д бо чунин меъёр дар давраи аввали пайдоиши он кӯмак мекунад.
Инчунин, дар баъзе навъҳои гандум ҳашароти зараррасони кирми поя (стеблевая мотылёк) дида мешавад, ки аломати зарари он буридани буғуми зери хӯша ва хушкидани хӯшаи гандум мебошад.
