ШОМИ ҶАВОНӢ ДАР ҲОШИЯИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

       22 майи соли 2025 бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май ҳамоиши идона таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.

       Чорабиниро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.  Сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд, ки дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҳакимзода Зуҳро - муовини раиси ноҳияи Данғара дар суханронии худ қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо дар ҷомеа имконият фароҳам меорад.

     Дар ҷавоб ба ин боварӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони кишварро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар баҳри ободиву пешравии Тоҷикистони азиз кӯшиш намоянд ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар рушди соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ саҳмгузор бошанд.Сипас, ғолибони Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва роҳбарони илмии онҳо, иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ, корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ва мукофотпӯлиҳо қадршиносӣ гардиданд. Дар қисмати дигари ҳамоиш намоиши театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанги донишгоҳ саршор аз шеъру сурудҳои васфкунандаи ҷавонӣ ва инъикоскунандаи муҳаббат ба ватанд ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар манзури иштирокдорон карда шуд.