25 майи соли 2025 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара чорабинии идонаи варзишию фарҳангӣ бахшида ба *Рӯзи ҷаҳонии футбол* дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор шуд.
Ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара бо бардоштани шиору овезаҳо ва ба бар намудани либосҳои варзишӣ дар тантанаҳои *Рӯзи ҷаҳонии футбол* фаъолона иштирок намуда, аз солгарди ин ташаббуси оламгир истиқболу шодмонӣ намуданд.