30 майи соли 2025 дар ҳошияи ҷаласаи Шурои олимон маросими қадршиносии дастаҳои ғолиби мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футболи хурд миёни дастаҳои воҳидҳои сохтории донишгоҳ баргузор шуд.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дастаҳои ғолибро аз номи Шурои олимон ва раёсати донишгоҳ баҳри иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории мусобиқаи варзишӣ, ки аз сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, муборак бод намуда, ба ғолибон Ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро дар фазои тантанавӣ тақдим намуданд.
Иттилоъ бояд дод, ки мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футболи хурд миёни дастаҳои воҳидҳои сохтори идоравии донишгоҳ бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст гардид;
дастаи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ – ҷойи якум;
дастаи факултети молия ва иқтисод – ҷойи дуюм;
дастаи кафедраи ҳарбии донишгоҳ – ҷойи сеюм.