КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

    «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)

    «Масъалаи соҳибихтиёрӣ барои Роҳбари давлат хусусияти танҳо хуқуқӣ, ифтихорӣ, декларативӣ ва идеявӣ надорад. Чунин мафҳуми муқаддасро ӯ дар ҳамоҳангӣ бо алоқаи диалектикии моҳиятӣ мебинад. Ҳидоят менамояд, ки маънии онро бояд ҳамагон омӯзанд ва андеша кунанд» (Ҳамон ҷо. – С. 12).

    «Мафҳуми «истиқлолият» дар фармудаҳои Пешвои миллат маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дорад. Имконият ба давлат, ба ҳукумат, ба зиёиён, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа – аз хурд то бузург, ба ҳар фарде, ки зарфият, қобилияти фикрронии комил ва тафаккури солим дорад ва сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб, худро соҳибватан мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 13).

    «Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад. Мантиқи сохтории ин истилоҳ посух гуфтан ба ниёзҳои созгор ба манфиатҳои миллиро дар бар мегирад. Барои дарки амиқи масъала Пешвои миллат арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарии «Ватан», «миллат» ва «ваҳдат»-ро, ки аз ҷиҳати семантикӣ ҳамрадифи «истиқлол» мебошанд, истифода менамояд. Чунин тарзи изҳори назар илман асоснок аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15-16).

    «Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад» (Ҳамон ҷо. – С. 16).

   «Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини ҳадафҳои истиқлоли миллиро аз вазифаҳои муштараки, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддӣ, маънавӣ, амалкарди давлатдории миллӣ ва таҷрибаи фарҳанги сиёсии сатҳи байналмилалӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 18).

   «Сарвари давлат дар масъалаҳои таҳким ва ҳифзи истиқлол, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, маърифати баланд, нангу номус ва сатҳи масъулиятшиносии мардуми бофарҳанги Тоҷикистон такя мекунад. Ҳидоят менамояд, ки миллат марҳалаҳои ҳассосу мушкили хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар амал ва сарбаландона паси сар кунад. Ҳар фард дар алоҳидагӣ моҳияти Ватан ва масъулияти ватандориро эҳсос намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 21).

   «Сарвари давлат ба мафҳумҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлол» маънои низомсоз медиҳад ва онҳоро бо ҳамдигар зич, вобаста медонад. Дар ҳамин асос муътақид аст, ки ин арзишҳои муқаддас дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамонро таҳким мебахшанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26).

   «Таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат решаҳои амиқи гносеологӣ дорад. Ҳангоми асоснок кардани муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти халқи тоҷик мекӯшад, ки мардум, алалхусус ҷавонон қонунмандиҳои ба истиқлоли давлатӣ расидани миллати тоҷикро фаҳманд. Донанд, ки чунин дастоварди бузург чӣ асоси таърихӣ дорад. Марҳалаҳои аслии таърихи навтарини миллати тоҷик – ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ аз чиҳо иборатанд» (Ҳамон ҷо. – С. 27).

   «... истиқлолияти давлатӣ дар таълимоти Сарвари давлат аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад. Ин мафҳум тавассути истилоҳоти «таърихи панҷҳазорсолаи миллат», «забони тоҷикӣ», «мероси илмӣ, таърихӣ, адабӣ», «ёдгориҳои таърихӣ», «ҳокимияти сиёсӣ дар давлати Сомониён», «ҳувияти миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «муборизаҳои озодихоҳонаи миллати тоҷик» ва монанди инҳо асоснок ва тафсир карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 58).

ТАЪРИХ ВА ТАШАККУЛИ МИЛЛАТ

   «Ҳангоми таҳлили паҳлуҳои зуҳуроти раҳбарии сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории миллати тоҷик, ду намунаи барҷаста, мондагори таърих ва фалсафаи сиёсат намудор мегардад: корномаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Боиси таваҷҷуҳи махсуси илмӣ аст, ки соҳиби қудрати давлатдорӣ ва давлатсозӣ шудани ду шахсияти бузург омил ва хосиятҳои фавқулода (the situational factors) дорад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 7).

   «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлол касб карда буд, пора-пора карда буданд. Дар Тоҷикистон давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт» (Ҳамон ҷо. – С. 8.

   «Дар мантиқи баёни Пешвои миллат мазҳари омӯхтан, аз худ кардани арзишмандтарин дастовардҳои моддӣ ва маънавии таърихи беш аз сеҳазорсолаи миллат ҳамеша дар мадди назар аст. Он дар амалияи сиёсии давлатдории навин бо масъулияти бузург мавриди истифода қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки дастовард ва мероси ниёгон бояд чун сарчашмаи маънавии худшиносии миллӣ хизмат кунад» (Ҳамон ҷо. – С. 14).

   «Дар фармудаҳои Сарвари давлат аз замони вакили Маҷлиси Олӣ будани ӯ (солҳои 1990-1992) то ба имрӯз, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал мантиқи такя кардан ба илм, маориф, истифода аз роҳу усулҳое, ки дар таҷрибаи сиёсии давлатҳои мутамаддини олам санҷида шудаанд, барҷаста ба назар мерасад. Роҳи муборизаи ӯ ба хотири пешравӣ, рӯз ба рӯз беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми одӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 15).

   «Дар таълимоти Сардори давлат таърихи миллат аз ҷузъиёти сифатии эҳсоси ҳастӣ – забон, адабиёти пурғановат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва ваҳдат иборат мебошад. Дар ин истилоҳот кӯшиши ба тарзи амалӣ нишон додани таҷрибаи таърихӣ – дастовардҳои муайян ҳамчун далели раднопазирии ҳастии миллати тамаддунсози мо возеҳ мушоҳида мегарданд ва онҳо ҳамчун арзишҳои эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ ёдоварӣ мешаванд» (Ҳамон ҷо. – С. 28).

   «Раҳбари давлат ҳангоми тафсир ва муаррифӣ кардани таърихи миллат эътиқодмандона ва бо ифтихор сухан мегӯяд. Дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва истиқлолият худкифо будани онро таъкид месозад. Сарчашмаи аслии рушд, аз як давра ба давраи дигар гузаштан, аз лиҳози сифат, маънавиёт ба мақоми таърихӣ расидани миллатро аз табиати ботинии худи ӯ медонад. Тақдири таърихии халқро аз лиҳози диалектикӣ шарҳ медиҳад. Инкишофи онро натиҷаи рақобат, зиддиятҳо, шикасту рехтҳо, эҳё ва дар набарди ҳастӣ пирӯз гаштанҳо мешуморад. Андешаи се даҳсолаи ахир ба амри тақдир, ки ӯ раҳнамои халқ аст, барои таърих, имрӯз ва оянда далели кофии чунин натиҷагириҳо мебошад» (Ҳамон ҷо. – С. 33).

   «Мантиқи ҷолиби таваҷҷуҳи истифодаи принсипи таърихият дар таълимоти Пешвои миллат ноил гаштан ба дарки воқеият – сарнавишти миллӣ ва натиҷаи он – худшиносии миллӣ аст. Таҳқиқоти ӯ дар ин маврид халқӣ, огоҳона, дастрас ва барои ҳамагон фаҳмо мебошанд» (Ҳамон ҷо. – С. 33).

   «Мантиқи бузурги таълимоти Пешвои миллат аз воқеияти «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар амри равшангарӣ ва маърифатнокии миллат ба масъулияти таърихии аҳли донишу маърифат – зиёиён такя мекунад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 39).

   «Баҳои Пешвои миллат нисбат ба шахсияти бузурги таърихӣ – Имоми Аъзам фавқулода муҳим аст. Тавассути ибрози чунин эҳтиром ва эътиқод Сарвари давлат ба ходимони дин намунаи олии миллатдӯстӣ ва ватанпарварии як мутафаккири тоҷикро дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ муаррифӣ мекунад» (Ҳамон ҷо. – С. 42).

   «Мувофиқи таъкиди Пешвои миллат, зарур аст, ки насли ҷавон ба омӯхтани таърих, адабиёт ва фалсафаи қадими худ фаро гирифта шавад. Хотиррасон менамояд, ки панду ҳикмати гузаштагони мо на танҳо барои миллати тоҷик, балки дар ғанӣ гардонидани афкори пурҳикмати умумибашарӣ саҳми босазои худро гузоштаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47).

   «Сарвари давлат таърихи миллатро бо диққати хосса омӯхтааст. Сабабҳои бурду бохти онро таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ намудааст. Аз онҳо хулосаҳои барои миллат ҳаётан ибратбахш ва шоистаи пайравиро гулчин кардааст. Принсипҳо, меъёрҳоеро муайян намудааст, ки тавассути амалӣ кардани онон фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар тули таърих барои манзалат пайдо кардан, устувор гаштан, оламиёнро шиносонидан ва моил намудани онҳо барои эътирофи миллат, инчунин ҳимояи халқи тоҷик хизмати сазовор кардаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 47-48).

   «Принсипи таърихияти тадқиқот дар таълимоти Сарвари давлат мавқеи калидӣ дорад. Тавассути он мехоҳад алоқамандии воқеият – тақдири миллати тоҷикро дар вобастагии пурра – бурду бохти ҳадди ақал ҳазорсолаи ахир амиқтар таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ кунад, хулосаи асоснок барорад. Ба дигарон, ба мардум фаҳмонад» (Ҳамон ҷо. – С. 60).

   «Имкони таърихӣ ба миллати тоҷик инқилоби бузург – Истиқлоли давлатиро ато намуд. Тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик пояҳои давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Кишвар рӯ ба инкишоф ва тараққӣ ниҳод. Ҳамасрони мо шоҳиди ин таҳаввулоти куллӣ мебошанд. Чунин дигаргуниҳо ва пешрафт дар шароити ниҳоят мураккаби зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Онҳоро нодида гирифтан мумкин нест» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 6. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 5).

   «Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонад. Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 19)..

   «Роҳбари давлат ҳамчун эҳёгари воқеии арзишҳои шукӯҳманди таърихӣ замони салтанати Сомониёнро бо ифтихори бузург ёдовар мешавад. Рушду нумӯи забони тоҷикиро натиҷаи истиқлоли давлатӣ мешуморад» (Ҳамон ҷо. – С. 21).

   «Дар таълимоти Пешвои миллат нақши сиёсатмадорон, олимон, шоирон, нависандагон, мутафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мубориза барои истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати тоҷикон дар тули таърих – аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир ба таври хосса таъкид мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 31-32).

   «Роҳбари давлат симоҳои таърихии бузургони миллатро ҳамчун намояндаи фардии ҷомеаи замони худ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳамзамон бо ин, нобиғагӣ ва иродату садоқат ба халқ, мардонагӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ дар роҳи амалӣ кардани идеалҳои пешқадами ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистани онҳоро дар ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ махсус таъкид кардааст» (Ҳамон ҷо. – С. 32).

   «Ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба қудрати сиёсӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд. Зеро дар он замони мудҳиши террори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне беқонунӣ касе ҷуръат ва ғайрати ҳокимият карданро надошт. Сиёсатмадорони ботаҷриба худро ба ҳар баҳона канор мегирифтанд. На танҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд. Ҳадафи аслии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон Сарварии давлатро ба уҳда дошт, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллат, халқи азияткашида – оммаи васеи мардум буд. Хотираи некиҳо доимо кӯтоҳ аст. Аммо на танҳо ин насл, балки ҳадди ақал, ҳазор соли дигар набояд ин қаҳрамонии умумимиллӣ фаромӯш гардад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 213).

   «Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ − Тоҷикистони азизро дӯст доред!» на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург – маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 236).

   «Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ, баръало ба чашм мерасад» (Ҳамон ҷо. – С. 248).

   «Пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 40).

   «Рӯзи 2-юми ноябри соли 1992, дар шароити ниҳоят мушкили вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб сессияи вилоятӣ гузашт. Дар он вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи раиси вилоят интихоб карданд.

    Мардум медонист, ки ин вазифа мушкилтарин, хатарноктарин ва масъулиятноктарин дар шароити онрӯзаи Тоҷикистон аст.  Раиси вилояти Кӯлоб бо вуҷуди вазъи сангини иқтисодии минтақа, гуруснагӣ, қаҳтӣ, нодорӣ, бесарусомонӣ, паҳншавии касалиҳои сироятии марговар, адами имконоти пурраи ҳарбӣ дар муқобили терроризм ва ҷанги хонумонсӯз, ҳамакнун масъулияти роҳбарии ғайрирасмии Ҷабҳаи миллии мубориза барои барқарор кардани сохти давлатдорӣ ва қонуниятро бар уҳдаи худ гирифт» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 280).

   «Бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси вилояти Кӯлоб ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бо мардум, сафарҳои пайдарпай ба маркази вилояти Қурғонтеппа, ки тақдири давлатдории тоҷикон дар он ҷо, дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ҳаллу фасл мешуд, дар кӯтоҳтарин муддат вазъ ба манфиати барқарор кардани сохти конститутсионӣ тағйир меёфт» (Ҳамон ҷо. – С. 281-282).

   «... дар дунё миллате вуҷуд надорад, ки худ ба худ соҳибдавлат гашта, мустақилият ва рушду нуму пайдо кунад, агар доҳиёни сиёсӣ, пешравони ҷонфидо ва қаҳрамононе надошта бошад, ки ҳамин ҳаракат, ҳамин ҷараён, ҳамин нияту мақсад ва ҳамин ормонҳоро бо сифатҳои бузурги шахсияти худ таъмин карда тавонанд.

   Аммо дар бораи шахсияти бузург ҳамон вақт сухан мегӯянд, ки ӯ барои миллати худ хизматҳои бузург кардааст. Дастоварди Иҷлосияи ХVI-ум, нуктаи бунёдии барои сарнавишти миллати тоҷик таъйинкунандаи он, бозёфт ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлати тоҷикон буд.

   Ва баръакс, бузургии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо ҷонфидоӣ ва корнамоиҳои дар тули таърихи ҳазорсола нотакрор, манзалати ин Иҷлосияро ҳамчун ифодаи хиради азалии миллати тоҷик абадӣ гардонд» (Ҳамон ҷо. – С. 282-283).

   «Бо гузашти даҳсолаҳо дар бораи нақши аввалин поягузори давлатдории миллии тоҷикон дар ҳазораи ахир, ки бидуни шак, ба номи Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, бояд изҳор дошт: «кам аст, ки андеша ба ифода кардани воқеият кӯшиш намояд, бояд худи воқеият ҳам ба муҳтавои тафаккур тамоюли мутассил дошта бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 283).

   «Эътиқодмандии Президент ба ормону орзуҳои худ аз асоси воқеӣ бархӯрдор мебошад. Он бар шуурнокии ҳақиқӣ, дарки реалии вазъ дар дохили мамлакат, минтақа ва кишварҳое, ки тақдири Тоҷикистон бо онҳо алоқамандӣ дорад, асос ёфтааст.

   Аз диди Роҳбари давлат, офарандаи таърих инсон аст. Ҳар шахс бояд масъулияти худро дар назди ҷамъият барои имрӯз ва оянда эҳсос кунад. Вазифаҳои худро донад. Онро бо дарки масъулият ва кулли имконоти руҳиву равонӣ ва ҷисмонӣ иҷро намояд» (Ҳамон ҷо. – С. 653).

   «Эҳёи миллат барои Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, бо супориши ӯ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонадони тоҷик туҳфа карда шуд. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро чун қуръони Аҷам эътироф ва китоби рӯйимизии ҳар фарди ватанпарвар эълон кард» (Ҳамон ҷо. – С. 655).

«Ҷумҳурият», № 141-142 (25 257), 22 июли соли 2025