Раёсати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара" ҳамаи довталабонеро, ки дар озмуни тақсимот ба ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ роҳхат ёфта, соҳиби унвони донишҷӯ шуданд, шодбош менамояд.
Комиссияи қабул шурӯъ аз 25.07.2025 ҳуҷҷатҳои довталабонеро, ки пас аз эълони Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳ роҳхат ёфтаанд, қабул менамояд.
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза дар бинои Донишгоҳ воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25 ба роҳ монда шудааст.
*Довталабон, ҳуҷҷатҳои зеринро ба коммиссияи қабул пешниҳод менамоянд:*
1. Ариза ба номи ректори Донишгоҳ.
2. Аттестат ва замимаи он (асл).
3. Шиноснома (бо 1 дона нусха).
4. Билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирии даъватшаванда (бо 1 дона нусха) – барои писарон.
5. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.
6. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
7. Маълумотномаи ҷойи истиқомат ва оилавӣ.
8. Расиди пардохти маблағи таҳсил (барои донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ)
Телефон барои тамос: 887-68-65-65.