29.08.2025 бо иқдоми раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” баҳри омодагӣ ба соли нави таҳсили 2025-2026 – Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии Данғара аксияи “Тозагии муассиса” баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ фаъолона ширкат намуда, дар тозагии биноҳо, синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва утоқҳои корӣ саҳми худро гузоштанд.
