1 сентябри соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид.
Дар оғоз Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара меҳмононро хайрамақдам гуфта, аҳли раёсатро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар бораи омодагии ҳамаҷонибаи муассиса ба оғози соли нави таҳсили 2025-2026, шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳони таҳсилоти олии касбӣ баҳри татбиқи дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин дар доираи масъалаи рӯзнома изҳор дошт, ки 30-юми августи соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои мутантан зимни иштирок дар кӯшодавашии биноҳои нави таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ саҳифаи наву заррини дигареро дар соҳаи ояндасози давлат – соҳаи илму маориф оғоз бахшиданд.
Гуфта шуд, ки мо соли нави таҳсилро бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва сулҳу суботи пойдор, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, оғоз менамоем.
Бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир садҳо мактабу литсей, коллеҷ, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимии томактабӣ бо шароити замонавӣ бунёд ва таҷдид шуданд, ки ин имконоти хубу олиро баҳри касбомӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти олӣ фароҳам гардонид.
Баҳогузориҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба арзёбии шароитҳои фароҳамгардида дар соҳаи илму маориф нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф дар миқёси ҷаҳон камназир аст, ки ин бевосита хизматҳои волою арзишмандӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамзамон аз ҷониби раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин вобаста ба тайёрии касбии мутахассисон дар бозори озоди меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ, донистани якчанд забонҳои хориҷӣ, ба монанди забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ ва дигар забонҳои илму техника таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуда, тавсияҳои муфид дода шуд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тараққиёт ва муаррифии давлати азизамон – Тоҷикистон саҳм гузорем. Пеш аз ҳама, дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми мамлакат, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.