3 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиши тантанавии идона дар ҳошияи таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мутантан Саломзода Сиҷоуддин - раиси ноҳияи Данғара ва Ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, меҳмонон-бостоншиносон аз Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо сухании ифтитоҳии хеш бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳния намуданд.
Дар фазои ҷашнӣ, барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, як зумра кормандон, барои фаъолияти босамари меҳнатӣ, ба Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандон, ки тараннумгари меҳру садоқат ба Ватан, арҷгузори ба истиқлолу озодӣ буд, ҳамоишро рангину гуворо намуд.