МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ”

       Имрӯз 08.09.2025 с. дар факултети педагогика ва психология дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони факултет, бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаи маориф” баргузор карда шуд.

      Дар рафти ин чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети педагогика ва психология номзади илмҳои биологи Тағоева Хатича Эркаевна суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар ҳар давру замон низоми мактабу маориф, илму фарҳанг нақши калидӣ ва созандаро касб менамояд, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакат ва ояндаи он аз вазъи мактабу маориф вобастагии калон дорад.

      Дар даврони 34-соли Истиқлолият баробари дигар соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа, дар соҳаи мактабу маориф низ дигаргуниҳо ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф пайваста дар зери ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат соҳаи маорифро «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд.

      Инчунин муаллима Тағоева Хатича Эркаевна, он дигаргуниҳо ва дастовардҳои назаррасе, ки дар тӯли 34-соли Истиқлолият дар соҳаи маориф ба даст омадаст гуфта гузашт ва ба ҷавонон ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кардани ин дастовардҳои даврони истиқлолро таъкид намуд.

     Дар ин чорабинӣ аз ҷониби мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони факултет маърузаҳо дар мавзӯҳои зерин шунида шуданд: “Нақши истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаи маориф”, “Ҷойгоҳи истиқлолияти давлатӣ дар педагогикаи имрӯза”, “Истиқлолият ва рушди варзиш”, “Истиқлолият сарвати бузург ва неъмати бебаҳост”.

Аз баргузории чунин мизи мудаввар иштирокчиён изҳори қаноатманди намуданд.