«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН»

(семинари илмӣ-назариявӣ ба ифтихори ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

    “Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт. Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд”.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Санаи 6-уми сентябри соли 2025 ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи хадамоти гумрукии донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН» баргузор гардид.

   Дар кори семинар ҳайати олимону профессорон, омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ, меҳмонон – аз қабили Иноятов Азизулло – корманди оперативии Шуъбаи амнияти миллии ноҳияи Данғара ширкат варзида, вобаста ба мафҳуму муҳтавои ҷашни муқаддаси миллӣ Истиқлоли давлатӣ маърузаҳо ироа намуданд. Дар семинар мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.Тоҷикистон: аз истиқлолият то пешрафти устувор;

2.Истиқлолият – рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ;

3.Истиқлолият - пояи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ;

Чорабинии мазкур бо музокира ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиёну баромадкунандагон ба итмом расид.