(Бахшида ба бузургдошти устод Абубдуллоҳи Рӯдакӣ 22-юми сентябр 2025)
“Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад” [Иқтибос аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Эмомалӣ Раҳмон].
Ҷиҳати бузургдошти Рӯзи устод Абубдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 22.09.2025 бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара семинари илмӣ-назаиявӣ дар мавзуи “РӮДАКӢ – СОҲИБҚИРОНИ ШЕЪРИ ПОРСӢ” баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара д.и.и., профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ва Раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро, ҳайати профессорону омӯзгорон, унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуда, вобаста ба ҳаёту фаъолият, эҷодиёт, сабку услуби адабии Устод Рӯдакӣ ва нақши Ӯ дар нигоҳдошти фарҳангу забони тоҷикӣ маърузаҳо шуниданд.
Аз ҷониби д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич маърузае зери унвони “Устод Рӯдакӣ ва ҳайсияти корбурди тахаллуси “Рӯдакӣ”” ироа гардид, ки дар он оид ба сабку услуби истифодабарии тахаллуси “Рӯдакӣ” маълумотҳои ҷолиб пешниҳод гардид.
Дар идомаи чорабинӣ аз эҷодиёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик қироати шеър намуда, ба чорабинии мазкур ҳусни тозае бахшиданд.