ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ AELLCA

    Дар семинари байналмилалии “Accelerating English Language Learning in Central Asia (AELLCA)”, аз 24 то 26 сентябри соли 2025, ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода баргузор гардид, кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳайати Музафарзода Даврон – н.и.к., дотсент, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, Маҳмадалиев Фаррух – н.и.ф., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва Файзова Басира – омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

    Ин семинари омӯзишӣ-машваратии сатҳи баланд бо ташаббуси Шурои Британияи Кабир ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими сифати таълими забони англисӣ дар минтақа роҳандозӣ шуд.

    Дар кори семинар масъалаҳои муҳими рушди малакаи омӯзгорӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва истифодаи методикаҳои инноватсионии забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар поёни семинар, пешниҳоди таҳияи лоиҳаи алоҳида барои Тоҷикистон дар доираи барномаи минтақавии AELLCA бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ пазируфта шуд – барои иштироки фаъолона ба кормандони донишгоҳ сертитификати иштирокчиёни фаъол тақдим карда шуд.