ХУШХАБАР! РИСОЛАИ ДОКТОРИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ҲИМОЯ ГАРДИД!

      Санаи 27 сентябри соли 2025 дотсенти кафедраи физика ва география - Олимӣ Ашуралӣ Рамазон диссертатисияи хешро дар мавзуи "Методикаи такмил додани корҳои лабораторӣ ва таҷрибавӣ дар факултетҳои физикаи МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08.02 - Назария ва метидикаи фанҳои табиӣ (физика) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» муваффақона ҳимоя намуд.

    Раёсати донишгоҳ Устоди азизро барои ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмӣ самимона шодбош намуда, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдааш комёбиҳои беназирро таманно дорад.