(бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ)
Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафаи ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Санаи 30-юми сентябри соли 2025 тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси кафедраи адабиёт ва рӯзноманигорӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конференсияи донишгоҳии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия Музафарзода Д.М. – муовини аввали ректори донишгоҳ, Қодирзода Х.Қ. – муовини ректор оид ба илм, Алимов Н.О. – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия маърузаи Саидҷаъфаров О.Ш. –д.и.ф. профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара, Бунёдзода С.Х. – н.и.ф. дотсент, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Расулзода Б.Р. – н.и.к. дотсент, мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара шунида шуд. Бахши дуюми конференсия дар факултети филология ва рӯзноманигорӣ ба кори худ идома дод.