29 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» барои солҳои 2023-2024 дар толори «IT Park»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони сатҳи олии ҳукумат, вазорату идораҳо, сохторҳои илмӣ-таълимӣ ва созмонҳои соҳавӣ доир шуда, ҳадаф аз он дастгирии иқтидори зеҳнӣ, тарғиби фаъолияти ихтироъкорӣ ва рушди иқтисоди ба дониш асосёфта арзёбӣ мегардад.
Дар миёни сарфарозшудагон Маҳмадалиев Умедҷон Муродалиевич -омӯзгори кафедраи муҳандисӣ ва энергетика низ қарор гирифт. Ӯ барои пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсиони худ бо номи «Самаранокии истифодаи васлакҳои элегазӣ ҳангоми таҷдид ва сохтмони шабакаҳои барқӣ», бо дипломи «Маркази миллии патенту иттилоот» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Раёсати донишгоҳ дастоварди навбатиро ба ҷомеаи меҳнатии муассиса табрику шодбош гуфта, ба муҳаққиқ барору муваффақиятҳои нав орзуманд аст.


