16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ

     2-юми декабри соли 2025 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” семинари омӯзишӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар мубориза алайҳи хушунат” доир гардид.

    Дар кори семинар Ҳакимзода Зуҳро – муовини раиси ноҳияи Данғара, Ҷабборӣ Насиба Ҷаббор – муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар иштирокдорон маърӯза намуданд.

    Таъкид гардид, ки ҳамасола дар ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти зӯроварии хонаводагӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занону духтарон баргузор мегардад. Зикр шуд, ки хушунат на танҳо ҳуқуқи инсонро поймол месозад, балки рушди устувори ҷомеа, суботи иҷтимоӣ ва тарбияи насли солимро халалдор менамояд.