Соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад, ки идомаи сиёсати илмдӯстона ва маорифпарварпонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
4-уми декабри 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд, ки дар он РАҲИМОВ АНУШЕРВОН ҚИЁМИДДИНОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Анушервон Раҳимов ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии Озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи адабиёти классики тоҷик 120 ғазал, 160 рӯбоӣ, 100 байт қасида, 150 байт достон, 170 байт аз дигар анвои шеърӣ аз бар намуда, зиёда аз 150 китоби бадеӣ мутолиа кардааст, ки бо омодагии хеле хуб аз худ фаъоли нишон дода, аз ҷониби аъзои ҳакамон соҳиби баҳои баланд гардид.
Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара фархунда бошад!


