МУЖДАИ НАВ: ҶОЙИ ЯКУМ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАЪРИФАТ ВА АМНИЯТИ МОЛИЯВӢ"

     Рӯзҳои 4-5-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии "Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

     Эгамбердиев Манучеҳр – магистранти курси 1-уми ихтисоси молияи Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи номинатсияи “Маърифати молиявӣ” ҶОЙИ ЯКУМРО ишғол намуда, аз ҷониби кумитаи тадорукоти Олимпиада бо дипломи дараҷаи 1-ум, ҷоиза ва мукофотпӯлӣ қадршиносӣ гардид.

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара дарёфти ҷоизаи навбатиро ба ғолиби Олимпиада - Эгамбердиев Манучеҳр ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон табрику муборакбод менамояд!