МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ВОБАСТА БА ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ТАБОБАТ ВА ПЕШГИРИИ КАСАЛИҲОИ ҲАЙВОНОТИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ ВА ПАРРАНДА ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(конференсияи байналмилалӣ)

     Мувофиқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ваф семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли 2025”, санаи 6-уми декабри соли 2025 ҷаласаи фититоҳии конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳими вобаста ба истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташхис, табобат ва пешгирии касалиҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва парранда дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

    Дар кори ҷаласаи ифтитоҳии конференсия доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Қодиров Қ.Ғ., Эркаев Сафар Абдулхайрович – дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим н.и.к., дотсент Музафарзода Д.М., муовини ректор оид ба илм н.и.х., дотсент Олимзода Р.А., сардори раёсати таълим н.и.к., дотсент Расулзода Б.Р., сарагрономи н. Данғара Ҷурабекзода Б., деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва беш аз 20 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ноҳияи Данғара иштирок карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зеррин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

1.Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалии об, ҳифзи пиряхҳо дар рушди соҳаи аграрӣ;

2.Продуктивность сортов картофеля российской селекции в условиях горной зоны Таджикистана;

3.Масъалаҳои муосири зироаткорӣ ва истифодаи самараноки замин дар таъмини амнияти озуқаворӣ;

4.Инновационные методы возделывания сельскохозяйственных культур в условиях изменения климата.

   Дар чорабинӣ масъалаҳои муҳими соҳа вобаста ба тағйирёбии иқлим, норасогии намӣ барои кишти тирамоҳӣ баррасӣ гардида, ба деҳқонон тавсияҳои мушаххас дода шуданд. Сарагрономи н. Данғара Ҷурабекзода Б. зимни баромади хеш масъалаҳои муҳимми вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ноҳия иброз намуда, бо олимони соҳа роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуд.

    Бояд зикр намуд, ки кори конференсияи байналмилалӣ дар бахшҳои алоҳида баргузор гардида, маводу мақолаҳои пешниҳодшудаи ҳайати васеи олимону муҳаққиқони донишгоҳ, ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дошт.

Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи мазкур бо мунозира, муҳокимаҳо ва саволу ҷавоб миёни иштирокдорон ба анҷом расида, бахшҳои дигари конференсия дар вақтҳои муайяншуда баргузор хоҳанд гашт.