(семинари илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон”)
Бо ташаббуси кафедраи хадамоти гумрукии донишгоҳ санаи 9 – уми декабри соли 2025, семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР», дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон” баргузор гардид. Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм Олимзода Р.А., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Данғара – Сайдализода Садриддин Достӣ, декани факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ – Исмоилзода М.И., мудири кафедраи хадамоти гумрукӣ – Соҳибзода М.С., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия Азизов К.Ҷ. ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Гуфта шуд, ки семинари мазкур дар асоси қабули қатъномаи махсус, зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” 6 ноябри соли 2025, баргузор гардида, дар кори он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1.Ҳуқуқ ба таҳсил ва нақши он дар рушди ҷомеа, аз ҷониби Сайдализода Садриддин Достӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара;
2.Нақши ташкилотҳои байнал-милалӣ (СММ, САҲА, ЮНИСЕФ) дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, аз ҷониби Соҳибзода Муҳиддин Соҳиб – н.и.ҳ., мудири кафедраи хадамоти гумрукии ДДД;
3.Нақши Эъломияи Ҳуқуқи Башар дар ташаккули давлатдории миллӣ, аз ҷониби Қодирзода Сайидмуссо – н.и.ҳ., и.в. дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатии ДДД;
4.Нақши Эъломияи Куруши Кабир дар рушди ҳуқуқи инсон, аз ҷониби Азизов Комил Ҷурахонович – н.и.ф., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДД
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш санаи 28.12.2024 ба вазорату кумитаҳои дахлдор супориш дода буданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҳуҷҷатҳои дахлдорро омода намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Хушбахтона ин амал ба вуқуъ пайваста, санаи 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид.
Семинари мазкур бо мунозира ва муҳокимаҳои васеи баромадкунандагону иштирокдорон ва саволу ҷавобҳои муфид ба анҷом пазируфт.


