Терроризм – заволу, сарнагуну, мустамандӣ

Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ «ин содир намудани амале мебошад, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, истифодаи он ба хотири ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад» Бадбахти ин аст, ки гӯруҳҳои ифротҷӯ мақсади нопок дошта, заррае раҳм ва шавқат надоранд. Имрӯзҳо дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон нохушиҳои мусаллаҳона идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву иғво афкандааст. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру дефҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехӯрад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардидааст, ки солимии ҷомеаро зери суол мебарад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифтаанд. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаву миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

 

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳонаву амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карданд. Сарвари тоҷикон ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи дараҷаи аввал номиданд. 

 

Танҳо бо рохи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомъеа ва бо фарҳангкунонии он мо метавонем ин мушкилотро пешгирӣ намоем. Чуноне, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишавр Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мақолаҳояшон мегўянд: «То он даме, ки худшиносии таьрихии миллат ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқкони оддӣ сар карда то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, ва то даме, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эбтибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайан нагардад, мо бар зидди чунин проблемаҳои глобалӣ мубориза карда наметавонем ».

 

Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем. Дар муқовимат ба афкори экстремистиву террористӣ муташаккилона мубориза барем. Мо сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум месозем. Муҳимтар аз ҳама, барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизи худ ҳамеша омодаем.