КИБЕРТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

КИБЕРТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.   Эмомалӣ РАҲМОН

Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 26.01.2021 шуда гузашт, дар мавриди хатари тероризм ва роҳҳои таъсиррасонии он ба воситаи шабакаҳои интернетиро ба ҷомеа ишора карда гузаштанд. Сомонаҳои интернетӣ ва наворҳои видеоии мӯҳтавои ифротидошта аз таҳдидҳое ба амнияти кишвар мебошад. Ҳанӯз терроризм ва ифротгароӣ ба амнияти давлат ва ҳаёти ҷомеа таҳдид эҷод мекунад.

Яке аз падидаҳои ҷомеаи муосир Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри XXI мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳон баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ, истисно нест. Ҷавонони моро мебояд дар истифодаи шабакаҳои интернети ва таҳлили иттилоот хеле хушёр ва зикар бошанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: “Ҷавонон неруи фаъоли ҷомеа, созандаи ояндаи дурахшони давлату миллат буда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд”. Шабакаи интернет ва сомонаҳои характери ифротӣ дошта таҳдидҳои ҷиддӣ барои раҳгум сохтани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созмонҳои террористию ифротгаро мебошанд.

Имрӯзҳо зиёд шудани сомонаҳои экстремистӣ ва таблиғи онҳо барои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав боиси нигарони шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 80% нафароне, ки ба сафи ҷангҳои терористи даъват шудаанд маҳз ба воситаи сомонаҳои интернети сурат гирифтааст. Онҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ гумроҳ шуда, бо пул ва таблиғи бегонагон ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар як рӯз 33,3 дарсади истифодабарандагон, махсусан ҷавонон, аз 5 то 6 соат вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки хуб нест. Бо ин роҳ онҳо на танҳо вақт, балки ба саломатиашон ҳам зарба мезананд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти махсуси мамлакатҳои гуногун назорати қатъиро аз болои манбаъҳои интернетӣ пурзўр намудаанд. Ин амал ҳарчанд садди роҳи озодии сухан мегардад, аммо амри зарурист, чунки вазифаи басо пурмасъулият – раҳо бахшидани инсоният   аз вартаи ҳалокати террористӣ   роҳи дигаре надорад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сомонаҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари ҷавонон бор кунанд.

Бемайлони давлати тозаистиқлоли мо низ дар сомонаҳои интернети фаъол ба назар мерасанд. Онҳо ба Ватану миллати худ хиёнат карда пайваста берун аз кишвар ба воситаи ахбороти матнию видеои Тоҷикистони азиз ва сохторҳои онро зери танқид мекашанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба тафаккури ҷавонон зарба зананд ва онҳоро гумроҳ созанд.

          Ҳушдоркуниҳои пайвастаи Пешвоӣ миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои терористон ва мақсаду ниятҳои онҳо, ҷавонони кишвар зиракии сиёсиро дар худ парвариш карда ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвоӣ миллатро ҷонибдори менамоянд. Ҷавононро мебояд ҳамеша ба ҳаракатҳои терористи дар шабакаҳои интернетибуда муқобилият нишон дода ҳамеша зирак монанд!

                                                                              

Донишҷӯи курси 4-уми

Донишгоҳи давлатии Данғара

Боронзода Комрон Асадулло