Таъмини автоматикунонӣ, рушди низоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Роҳбари олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Гузариш ба рушди автоматикунонӣ ва иқтисодиёти рақамӣ дар ҷомеаи чаҳонӣ бо экосистемаҳо ва платформаҳои рақамӣ алоқаманд буда, истифодаи зеҳни сунъӣ унсурҳои асосиро дар бар мегирад, ба монанди васеъ кардани соҳаҳои рақамисозӣ, ҳамгироии технологияҳои пешрафтаи IT, ташаккули сармояи оқилонаи инсонӣ, ки омезиши бунёди нано - технологияҳо, био - технологияҳо ва самти иҷтимоию гуманитарӣ бо миёнарави платформаҳои рақамиро дар бар мегирад.
Мафҳуми “иқтисоди рақамӣ” ва “пули рақамӣ” ҷузъи луғати рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, шореҳони иқтисодӣ, коршиносон ва сиёсатмадорон мебошанд. Ин истилоҳ бори нахуст 25 сол пеш аз ҷониби профессор Николас Негропонте (Донишгоҳи технологии Массачусетс, ИМА) муаррифӣ шуда буд, аммо то ҳол таърифи дақиқе мавҷуд нест, ки ба эҷоди монеаи ҷиддӣ дар роҳи консептуализатсияи он мусоидат кунад. Эҷод ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бисёре аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Тоҷикистон, вақтҳои охир мақоми самти асосии рушди миллӣ дар сатҳи давлатӣ ва корпоративиро касб кардааст.
Истифодаи васеи автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ дар татбиқи технологияҳои рақамӣ муддатҳои тӯлонӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид, равиши рушди иқтисодиёт тамоми самтҳои ҷомеаро дар маҷмӯъ муайян кард. Рушд ва ташаккули иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки аксари кишварҳост. Солҳои охир афзоиши мавҷӣ дар тиҷорат ва соҳаи иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷаи эҷоди технологияҳои рақамии насли нав ба вуҷуд омадааст, аз қабили технологияҳо зеҳни сунъӣ, робототехника, фуруши молу маҳсулот тариқи Интернет ва технологияҳои алоқаи бесимро дар бар мегиранд.
Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки рушди автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон омили калидӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Пешниҳодҳо метавонад ба рушди босуръати иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон мусоидат намуда, заминаи устувор барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фароҳам орад.
Ҳусайнӣ Абдукарим,
Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара.