ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДИ МАРДУМИ ТОҶИК АСТ!

       Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

                                                                                                                                                                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

   Истиқлол неъмати бебаҳои таърих ба ҳисоб меравад ва мо аз ин неъмат моҳирона истифода бурда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Дар ин марҳилаи дурахшони таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо пеш бурдани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, паст кордани сатҳи камбизоатӣ, гузаштан ба технологияи нави ҳозиразамон, пойдор намудани сулҳу оромӣ, ва ғайраҳо мебошад. Ҳар як шаҳрванди бонангу номусе, ки ояндаи давлат ва миллатро азим медонад, бояд бо имконияту омилҳои ақлонӣ ва моддии кишварамон такя карда ба умеди дигарон нашуда, барои ободии Ватани азизамон саъйю талош намояд.

    Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар асоси таҳқиқи васеъ ва ҳаматарафа давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси ба ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равиши пешрафти истиқлолияти давлатиро ба се давра тақсим кардан мумкин аст:

    Якум, 9 сентябри соли 1991 эълон намудани Истиқлоли ҶТ – 16 ноябр -2 декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ воқеаҳои сиёсии дар кишвари мо, ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ дар мамлакат, табаддулоти давлатӣ:

   Дувум, 16 ноябр-2 декабри соли 1992 - Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ 27 –июни соли 1997 – гирифтани пеши ҷанги хонумонсӯз, барқарор намудани ҳукумати қонунӣ, мубориза барои сулҳу субот, имзо гузоштан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон.

   Севум, 27 июни соли 1997 то имрӯз давраи бунёдкорӣ, созандагӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, амалан эътироф гардидани ҶТ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд шудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатамон зиёда аз 3000 корхонаҳои саноатии муштарак ва худӣ сохта, ба фаъолият шӯруъ кардааст ва ин рақам дар соли 2026 ба 3500 адад хоҳад расид. Дар арафаи ҷашни истиқлол зиёда аз 26 ҳазор корхонаҳо ва иншоотҳои гуногун (саноатӣ, сохтмон, аграрӣ, маориф, фарҳангӣ, тиб ва ғайраҳо) сохта, ба истифода дода шуданд.

   Мо дар давоми сиву чор соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Вале неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад.Тавре, ки Пешвои муаззами миллат иброз медорад:

“Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бебаҳоест, ки сарнавишти халқамон ва ояндаи давлатдории миллии моро муайян намуд ва имконият фароҳам овард, ки мо забону фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои аҷдодиамонро эҳё намоем ва барои рушди минбаъдаи онҳозаминаҳои мустаҳкам гузорем”

    Оре, ҳар соле, ки сипарӣ мегардад, Истиқлоли давлатии мо ба сол боз ҳам бузургтар, нерӯманд, пойдору пурқувваттар шуда, мардуми мо дар фазои сулҳу амонӣ ва Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ҳаёти хушу хуррамона ба сар мебаранд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба назар расида, моро ояндаи дурахшон ҳамсафар аст. Хушбахтона вақте, вожаи “Истиқлолият”-ро ба забон меорем, моро шуру ҳаяҷони фавқулодда, ифтихори бузурги ватандорӣ фаро мегирад. Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки маҳз ба сари қудрат омадани роҳбари хирадманду сиёсатмадор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем бо пайравӣ аз ин сарвари сиёсатмадор ва некирода, бо такя ба майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳизф кардем. Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар сиву чор соли соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, саноатикунонии босуръат, иқтисоди рақамӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бунёду ва кор додани нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бо шарофати соҳибистиқлоли соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаанд.

   Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат нерӯ мебахшад.

   Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф ҳамеша дар мадди аввал буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиман мавриди дастгирию ғамхориҳо қарор дорад.

   Ин аст, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, нисбат ба рушд ва пешрафти он пайваста таваҷҷӯҳи махсус равона мегардад. Дар сиву чор соли Истиқлоли давлатӣ бо гузоштани қадамҳои устувор соҳаи маорифи кишвар низ ба натиҷаҳои хубу назаррас ноил гардид.

   “Мо бояд ба хотири фардои ободии давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем” . “Эҳтироми омӯзгор - эҳтироми миллат аст!” қайд намудаанд Пешвои муаззами миллат.

   Шоистаи таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз ҷиҳати теъдод зиёд ва ҳам аз ҷиҳати сифат такмил ёфт. Ба гунаи мисол, агар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 13 мактаби олӣ фаъолият дошт, ин рақам ҳоло ба 47 муассисаи олӣ ва беш аз 220 ҳазор донишҷӯ расидааст, ки ба омӯзиши донишҳои замонавӣ ҷалб шудаанд.

Дар ин росто шоири намоёну муътабари халқи тоҷик Сафармуҳаммад Айюбӣ ишора мекунад:

Истиқлол

Шуд мубарро савти ною чанги истиқлол,

Лаззати ишқ аст дар оҳанги истиқлол.

Реги истиқлол тобад беҳтар аз марҷон,

Баркаши кӯҳ аст дар посанги истиқлол.

Маъдани ин мулк бошад ҷавҳари дониш,

Фарри яздонист дар фарҳанги истиқлол.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо озоду соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар ва мардумаш фарҳангдӯсту тамаддунофар шинохта шудааст.

Ҳумоюн бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Азизов Асомуддин Ҷабборович – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара.