ИСТИҚЛОЛ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ОМИЛИ РУШДИ МИЛЛӢ

    Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ, яке аз муҳимтарин арзишҳоест, ки ҳар миллат барои ноил шудан ба он заҳмат мекашад ва онро ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунӣ эҳтиром мекунад. Дар таърихи халқи тоҷик санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи таърихӣ сабт шудааст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба арсаи байналмилалӣ ворид гардид. Ин сана нишонаи оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пойдории фарҳанги миллӣ аст.

    Истиқлоли давлатиро метавон ҳамчун озодии маънавӣ ва сиёсӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт, аз қабили қабули қонунҳо, иҷрои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳифзи марзу бум ва фарҳанги миллӣ, омӯзиши забони давлатӣ ва рушди иқтисод тавсиф кард. Аз ин лиҳоз, истиқлолият на танҳо як мавзуи сиёсӣ, балки тарҳи ҳамаҷонибаи рушди ҷомеа ва давлати мустақил мебошад.

    Тоҷикистон бо таърихи қадим ва фарҳанги ғанӣ соҳиби як қатор давраҳои шукуфо ва мушкилоти зиёд мебошад. Дар асрҳои миёна ва муосир, ки минтақаи мо як қисми давлатҳои гуногун, аз ҷумла империяи Рус ва Иттиҳоди Шуравӣ буд, миллати тоҷик имконияти соҳибистиқлол шуданро надошт.

    Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум, вазъи сиёсӣ дар минтақа тағйир ёфт ва кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои соҳибистиқлолӣ мубориза бурд. Баъд аз эълони Истиқлоли давлатӣ, ки санаи 24.08.1990 рӯх дода буд, санаи 9-уми сентябри соли 1991, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибистиқлол эълон карда шуд.

    Бо вуҷуди ин, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мушкилот ва имтиҳонҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гаштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ мардуми кишварро дар як давраи санҷиш қарор дод. Хушбахтона, бо талошҳои доимӣ ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти кишвар сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор гардид.

    Пас аз барқарор шудани сулҳ Тоҷикистон ба таҳкими давлатдории худ шуруъ намуд ва дар соҳаҳои гуногун дастовардҳои назаррасро ба даст овард:

а). Барномаҳои стратегии рушди иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳо, роҳҳо ва инфрасохторҳои муосир, барои рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карданд. Нерӯгоҳи Роғун, ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, намунаи муҳими ин пешравӣ аст;

б). Бо таъсиси ниҳодҳои мустақил, аз ҷумла қувваҳои қонунгузорӣ ва адлия, Тоҷикистон тавонист сохтори идоракунии давлатӣ ва таъмини амниятро беҳтар кунад. Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 1994 ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ пояи қонунмандии кишварро мустаҳкам намуд;

в). Соҳибихтиёрӣ ба мардуми тоҷик имконият дод, ки арзишҳои миллии худро, аз қабили забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ҳамчун пояи ҳастии миллат дубора эҳё намуда, таваҷҷуҳ ба илм, маориф ва тандурустӣ афзоиш ёбад;

г). Тоҷикистон ба узвияти ташкилотҳои байналмилалӣ пазируфта шуд ва мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Сиёсати хориҷии кишвар, асосан, ба ҳифзи истиқлолият ва таъмини амнияти минтақавӣ нигаронида шудааст.

    Ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик неъмати бебаҳо ва пойдевори асосии давлатсозӣ мебошад. Он на танҳо рамзи озодӣ ва мустақилӣ, балки омили пешрафт ва таҳкими ҳамбастагии миллӣ аст. Мо бояд қадри истиқлолиятро бидонем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва баҳри ободии Ватан талош намоем.

    Истиқлолият моро ба ваҳдати миллӣ, рушду пешрафт ва таҳкими ҳисси худшиносӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҳар фарди Ватан бояд бо масъулият ва ҳушёрӣ барои ҳифзи истиқлолият ва пойдории он кӯшиш намояд.

Файзуллоев Абдурозиқ Абдулҳакимович – номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара.