Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 34 – соли Истиқлоли давлатӣ, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо, аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғ. ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Як бахши муҳими дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи тандурусӣ марбуд донист. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Ватани маҳбуби мо дар соҳаи илми тиб ва дорусозӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар Донишгоҳҳои тиббии худ олимону мутахассисон ва донишмандони зиёдро дар ин самт тайёр мекунад, зеро чуноне ки мегӯянд “Саломатии миллат боигарии давлат аст”. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро ҳамчун соҳаи афзалиятнок таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст. Сулҳу Ваҳдат аст, ки 1– уми сенябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам бештару хубтар ривоҷу равнақ додани соҳаи тандурустӣ ва илми тиб ва ҷиҳати беандоза будани довталабон дар ин самт боз як бинои наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас мо ҷавононро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамҳориҳои Ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд, бо дониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамеша ҷиҳати ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол саъю кӯшиш намоем.
Абуалӣ Элмурод – мудири кафедраи химияи умумӣ Донишгоҳи давлатии Данғара.