ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА БА ҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ!

Санаи 23.04.2024, соати 13:30, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара ФАЙЗУЛЛОЕВ АБДУРОЗИҚ АБДУЛҲАКИМОВИЧ рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Таҳқиқи хусусиятҳои лексикӣ-семантикӣ ва сохтории топонимияи «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ», таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбонмамадов Сомон Хушқадамович, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ, дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно дорад.