ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОМЕЗИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки муҳимтарин хусусияти он таҳаввулоти доимӣ, рушди ҷаҳонишавӣ, муколлама ва ҳамгироии байналмилалӣ мебошад, сиёсати хориҷии ҳар як кишвар нақши калидӣ дар тавсеаи амният, ҳамкорӣ ва манфиатҳои миллӣ мебозад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз Истиқлоли давлатӣ бо буҳронҳои сиёсиву ҷангии дохила рӯ ба рӯ буд, дарёфти роҳи сулҳу субот, ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва таҳкими имиҷи кишвар дар арсаи ҷаҳон аз вазифаҳои аввалиндараҷа буд.

Пас аз қабули Конститутсия дар замони соҳибистиқлолӣ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосӣ ҷиҳати рушди давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳу усулҳои муносибат ва ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷӣ гузошта шуд. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзишҳои бунёдӣ мустаҳкам гардонида шудааст.

Пеш аз ҳама, дар Дебочаи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян гардида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо зикр шудааст.

Инчунин, дар Конститутсияи мамлакат як қатор меъёрҳо ва муқаррарот вобаста ба сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи давлати Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Мувофиқи моддаи 11-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро амалӣ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром мекунад ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ муайян менамояд. Ба ин васила, Тоҷикистон робитаҳои хориҷии худро бо кишварҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои халқ густариш ва таҳким мебахшад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 55, 56 ва 69-и Конститутсия низ инъикос ёфтааст. Моддаи 69 як қатор салоҳиятҳоеро, ки бевосита ба сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Тоҷикистон марбуд аст.

Аз ҷумла:

-Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд;

-Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;

-Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ карда, шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;

-Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод менамояд;

- Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии дигар давлатҳоро қабул мекунад ва ғайра;

Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки масъули асосии татбиқи сиёсати хориҷии кишвар ва пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди он, ки масъулият ва салоҳиятҳои Президент дар асоси Қонуни асосӣ (Конститутсия) муайян шудаанд, татбиқи сиёсати хориҷӣ дар шароити ҳассоси имрӯза, ки бо бархӯрди тамаддунҳо, манфиатҳои абарқудратҳо, нооромӣ ва ҷангҳои радикалӣ тавсиф меёбад - тақозо менамояд, ки роҳбари давлат сиёсати хориҷии мутавозин, дипломатияи оқилона ва дурандешонаеро татбиқ намояд.

Ин масъала, махсусан бо дарназардошти имконоти маҳдуди иқтисодӣ ва техникии кишварамон, аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин мушкилот, Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ, равобити байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар, бо нозукбинӣ, хирадмандӣ ва дурбинӣ амал мекунад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сиёсати хориҷии кишвар калидӣ аст. Маҳз бо роҳбарӣ, шикастнопазирӣ, хирад ва сиёсати оқилонаи ӯ Тоҷикистон тавонист на танҳо оташи ҷанги дохилиро хомӯш созад, балки дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоёни эҳтиром касб намояд. Ин ҳама дар доираи стратегияи дипломатияи сулҳомезии Пешвои миллат амалӣ гардид, ки то имрӯз ҳамчун меҳвари асосии сиёсати хориҷии давлат хизмат мекунад.

Пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил бо як қатор мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми низоми давлатдорӣ ва равобити берунмарзии кишварро коста сохта буд. Дар чунин шароит, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсат ворид гардид.

Бо дарки амиқи масъулият ва вазнинии вазъ, Пешвои миллат афзалиятро ба сиёсати ҳалли низоъ, расидан ба сулҳ ва барқарор кардани робитаҳои хориҷӣ доданд. Он замина ва асоси стратегияи дипломатияи сулҳомези Тоҷикистон гардид. Дар марҳилаи аввал, ҳадафи асосӣ барқрорсозии субот ва эҷоди фазои эътимодсоз бо ҳамсояҳо ва қудратҳои калидӣ буд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар Москва, ки бо миёнаравии СММ, Россия, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баргузор гардид, намунаи олии дипломатияи оромишовар ва дипломатии самарабахш мебошад. Раҳбари давлат тавонист бо забони муколама ва гуфтугӯ ҷони даҳҳо ҳазор нафарро наҷот диҳад ва кишварро ба роҳи рушди муосир раҳнамун созад.

Хусусиятҳои асосии дипломатияи сулҳомез. Дипломатияи сулҳомез на танҳо воситаи ҳалли низоъҳо, балки стратегияест, ки бар субот, муколлама ва ҳамзистии осоишта асос меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии худ дипломатиеро таҳия намуданд, ки хусусиятҳои зеринро доро мебошад:

Афзалия ба гуфтугӯ ва музокирот. Дар ҳама масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, аҳамияти калидӣ ба роҳи дипломатӣ ва гуфтугӯ дода мешавад. Маҳз ҳамин равиш сабаб гардид, ки Тоҷикистон дар ташкили зиёда аз 10 конфронси сатҳи баланди мушкилоти об, амният ва ҳамкорӣ саҳм гузорад;

Эҳтироми истиқлоли дигарон ва сиёсати “дарҳои кушод”. Тоҷикистон бо ҳама кишварҳо муносибатҳои дипломатиро дар пояи эҳтироми истиқлол, эҳтироми арзишҳо ва баробарии миллатҳо ба роҳ мондааст. Ин хусусият Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимоди минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифи кардааст;

Беғаразӣ ва мувозинат. Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳои глобалӣ мавқеи бетараф ва мусолиҳатомезро ишғол намудааст. Мисолан, дар бархӯрди кишварҳои қудратманд ё муноқишаҳои минтақавӣ, Тоҷикистон кӯшиш мекунад бо ҳарду ҷониб дар муколама бошад ва нақши мусолиҳакунандаро ба уҳда гирад;

Самтҳои афзалиятноки сиёсати хоричӣ. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ташаккули ҷойгоҳи шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёфтааст. Самтҳои асоси он иборатанд аз:

Ҳамигироӣ бо ҳамсояҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон фаъолона бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ҳамкорӣ мекунад. Муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар бунёди роҳҳои трансмиллӣ, шабакаҳои барқӣ, манобеи об ва амният нақши муҳиме доранд.

Ҳамкории фаъо бо Расия, Чин ва Эрон. Русия шарики калидии амниятӣ ва муҳоҷиратии Тоҷикистон аст. Чин дар рушди инфрасохтор ва сармоягузориҳо саҳми калон дорад. Эрон бо сабаби умумияти фарҳангиву забонӣ дар фазои фарҳангӣ ва маънавӣ нақши муҳим мебозад.

Муносибат бо созмонҳои байналмилалӣ. Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар ташкилотҳо мебошад ва дар ҳар кадом саҳми хоси худро дорад. Мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи об, иқлим, энергетика ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин созмонҳо намоён аст.

Тоҷикистон дар асоси дипломатияи сулҳомези Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ низ бо ташаббусҳои муҳим шинохта шудааст. Дар масалаҳои обу иқлим, ҳифзи муҳити зист, дастгирии сулҳи байналмилалӣ, адолату қонунияти умуми башарӣ ва дигар масалаҳое, ки на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон балки ба ҷомеаи умумиинсони нигаронида шудааст. Дар маркази сиёсат ва дипломатияи президенти давлат пеш аз ҳама инсондустӣ ва сулҳу суботи умуми башарӣ меистад, ки бе шубҳа ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ асосу таҳким ёфтааст.

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз мавқеи назоратшиносӣ ба ташаббускорӣ гузаштааст ва хостааст дар таҳияи сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор бошад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташабускор ва роҳнамои ин раванд ғайриқобили иваз мебошад.

Натиҷаҳо ва фароҳам овардани самараҳо.

Дар асоси дипломатияи сулҳомез, Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаас:

- Таъмини субот ва фурӯ рафтани нооромоҳо дар минтақа;

- Баланд шудани мавқеи кишвар дар муарифии дипломатияи об;

- Ҷалбии сармоягузориҳои хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ;

- Эҷоди эътибори баланд дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ҳамзистӣ ва оромихоҳ.

Дипломатияи сулҳомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як модели нави муносибат ба сиёсати хориҷӣ, ба таври амиқ манфиатҳои миллиро ҳимоят намуда, дар арсаи байналмилалӣ шароити муносиб барои пешбурди ҳамкориҳоро фароҳам овардааст. Ғайр аз он, ин раванд ба истиқлолият ва амнияти миллӣ таҳкими нав дода, Тоҷикистонро аз як кишвари пасошӯравии буҳронӣ ба як кишвари фаъол ва ташаббускори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил додааст.

Таҷрибаи сиёсати хориҷии Пешвои миллат бояд омӯхта, тадқиқ ва ҳамчун василаи омӯзиш барои насли нав ва кормандони сиёсиву дипломатии Тоҷикистон хизмат расонад. Аз ин ру мо омӯзгорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки худро дар татбиқ ва тарғиби дипломатияи сулҳомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулу вазифадор шуморем. Ва насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандустиву инсондусти, ҳушёрию зиракӣ, ва дипломатияи муосиру сулҳомез раҳнамои намоем.

Мақсади мақола таҷзия ва таҳлили илмии самтҳо, хусусият ва натиҷаҳои дипломатияи сулҳомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Файзуллозода С.С., Аҷиков А.Н. – омӯзгорони факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара