Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9-уми сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намудааст. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия, барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард.
«Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад» Эмомалӣ Раҳмон.
Мафҳуми “Конститутсия” истилоҳи лотинӣ буда, “constitutio” маънои муқаррарот, сохтор, барпо намудан ва маънои сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олибударо дорад.
Ҳамзамон, Конститутсия, дар навбати худ, ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо амал мекунад, лекин он дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ зиёда аз дусад соли охир мавриди амалкард қарор дорад. Ибораи Конститутсия ҳанӯз дар аҳди бостон дар Руми қадим маълум буд. Дар ащди бостон баъзе санадҳои муҳимми шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, Конститутсия меномиданд. Аз сарчашмащо маълум аст, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ маълум буд. Конститутсия дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ дар натиҷаи ғалабаи инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нав - буржуазия пайдо гардид. Аввалин Конститутсия дар ИМА ва соли 1791 дар Полша ва Фаронса қабул шуда буд. Баъдан Конститутсия соли 1809 дар Шветсия соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо давра ба давра қабул гардид. Дар садаи XIX Конститутсия дар аксари кишварщои Аврупоӣ, Амрико ва баъзе давлатҳои Осиё ба вуҷуд омадаанд.
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин комиссия таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошанд. Чунки агар мавқеи илмӣ ва ҳам шаҳрвандии мутахассисони худиро дар масъалаи арзёбии Конститутсия як сӯ гузорем ба эътибори коршиносони дақиқсанҷи як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо нигарем Конститутсияи мо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад. Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи дурӯсти давлатсозу миллатсоз ва инсонпарвар миллатро ба қуллаҳои мурод, яъне ҷомеаи пешрафта, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мерасонад.
Азизов Комил Ҷурахонович – номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара


