КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

    Аз ҷониби ҷомеа эътироф ва қабул шудани Конститутсия барои ҳар як мамлакат воқеаи бузурги сиёсӣ аст. Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва истиқлолияти Тоҷикистон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, он сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад. Конститутсия нисбат ба дигар қонуну санадҳои қонунгузорӣ, ки системаи ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳад, мартабаи олии ҳуқуқӣ дорад.

    Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш иброз намуда буданд: “Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёди сиёсӣ, роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Конститутсияи Тоҷикистон моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд. Конститутсия барои аз миён бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт”.

    Инак 6 ноябри соли равон дар мамлакатамон 31 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Тамоми дастовардҳои тӯли 34 соли Истиқлоли давлатӣ 31- соли Конститутсия ба даст овардашудаи Тоҷикистони азизамон бемуболиға ба сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарвари оқилу ғамхорамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт вобаста мебошад. Зеро замоне, ки фарзанди номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, Ватани нав ба истиқлолият расидаи тоҷикон хисороти зиёди моливу ҷонӣ дида буд ва ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид менамуд, аммо кӯшиш ва талошҳои бевоистаи Певшои миллат ин буҳрони сиёсӣ ва иқтисодиро дар малакат аз байн бурд.

Дар маҷмуъ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни конститутсияҳои дигар мамлакатҳо аз ҷиҳати меъёриву ҳуқуқӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дорои аҳамияти зерин мебошад:

1.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳое иборат аст, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқарар менамояд.

2.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқарар намуда, кафолатҳои ҳуқуқу озодии онҳоро муайян мекунанд.

3.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низом, усулҳои асосии ташкилёбӣ ва фаъолияти Мақомоти олӣ ва маҳалии намояндагонро муайян мекунад.

4.Конститутсия ҳамчун санади олӣ ва муҳимтарини сиёсӣ – ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии бунёди ҷомеа ва давлат мебошад ва мувофиқи хусусияти сиёсии худ, ҳуҷҷати ҷозибаноки муттаҳид ва сафарбаркунандаи тамоми мардум аст.

5.Конститутсия санади махсуси олии ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз ҳар гуна дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фарқ мекунад.

6.Конститутсияи Тоҷикистон ба меъёрҳои санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мувофиқат мекунад.

7.Таркиби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

8.Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси райъпурсии умумихалқӣ 3 маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо дохил карда шудааст.

9.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки дар асоси он сулҳу субот, оромӣ, Ваҳдати миллӣ, амният ва рушду пешрафти мамлакат таъмин гардида, халқи тоҷик ва Тоҷикистониён бо дифоъ аз ин ҳуҷҷат ба сӯи рушду пешрафти кишвари азизамон бо сари баланд ва некбинона роҳандозӣ гардидаанд.

    Бо шарофати ҳамин Конститутсия дар Тоҷикистон зиёда аз 1500 қонунҳои нав қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Самараи азму талошҳо ва сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи халқи меҳнатқарин аст, ки дар Тоҷикистон садҳо корхонаи саноатӣ муассисаҳои таълимӣ, иншооти муҳими тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, нақбҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ, сохтмонҳои азими аср ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта ва ба истифода дода шуданд. Тоҷикистонро имрӯз зиёда аз 195 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки Тоҷикистонро дар саросари олам ба Конститутсияи тақдирсоз, мардуми заҳматпешаю меҳнатдӯсту меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, чашмаҳои обаш ширин, кӯҳҳои осмонбӯс, сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои наҷибонаи глобалӣ, маълуму машҳур гардонад. Бо шарофати Истиқлолият ва Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, пули миллӣ, шаҳодатномаи миллӣ ва дигар афзалиятҳо гардидем.

    Ғайр аз ин, муҳимтарин ҷанбаи Конститутсия он аст, ки он баробарии ҳамаро дар назди қонун кафолат ва ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқодӣ, динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият таъмин намуда, дар маҷмуъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам оварад.

Азизов Асомуддин – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара