ТОҶИКИСТОН ВА ҚОЛАБИ C5+1: ИМКОНИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО

(дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА дар ш. Вашингтон)

“Танҳо як императиви қатъӣ, як меъёри ягонаи мантиқӣ ва ягона принсипи амал мавҷуд аст – он ҳам манфиати миллӣ мебошад”.

                                                                                                                                                                                 Ҳанс Моргентау

          Маълум аст, ки давлатҳои миллӣ дар татбиқи сиёсати байналхалқии худ баҳри таъмини амнияту манфиатҳои миллии хеш талош меварзанд. Ба андешаи сиёсатшиноси маъруфи қарни XX Ҳанс Моргентау “...Манфиати миллӣ императиви қатъӣ аст (яъне принсипи қатъӣ аст)”. Яъне Ӯ дар назар дорад, ки ҳамаи қарорҳо ва амалҳои сиёсати хориҷӣ бояд танҳо аз рӯйи манфиатҳои миллӣ муайян карда шаванд, на аз рӯйи эҳсосоту ахлоқ. Маҳз ҳамин принсип ба давлатҳои муосир шароит фароҳам меоварад, ки дар татбиқи сиёсати хориҷии худ пеш аз ҳама манфиатҳои миллии хеш ва татбиқи онро дар амал қарор диҳанд.

          Қолаби C5+1 як тарҳи муосири татбиқи сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари ҷаҳони зудтағйирёбанда ба шумор меравад. Суоли матраҳ ин аст, ки оё тарҳи C5+1 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон чи имкониятҳо ва афзалиятҳоро ба миён меоварад?

            Маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари кории хеш дар шаҳри Довҳаи Қатар санаи 06.11.2025 озими шаҳри Вашингтони ИМА шуд. Пешвои миллат дар Саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қолаби C5+1 ширкат варзида, ҳамкориҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ИМА густариш медиҳанд. Ин ҳамоиши муҳимми сиёсӣ сарлавҳаи бузургтарин рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои ҷаҳонӣ, аз қабили: Washington Post, New York Times, Reuters, The Times of Central Asia, Aljazeera, Special Eurasia, DW ва даҳҳо расонаҳои дигари минтақавию ватанӣ гардидааст. Дар ин раванд мо мехоҳем оид ба пасманзари ин қолаби бениҳоят муҳим баррасии мухтасаре дошта бошем.

            Қарори асосӣ оид ба роҳандозии тарҳи нави муколлама миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 26 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, қабул шуд. Дар ҳошияи ҳамин маҷмаа, Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мулоқот анҷом дода, дар ниҳоят ҷонибҳо қарор карданд, ки як платформаи нави муколламаи бисёрҷонибаро таъсис диҳанд, ки бо номи Қолаби C5+1 маъруф мебошад. Ҳадафи асосии ин ибтикор беҳтар намудани муносибатҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштаракест, ки ба ҳамкории байниминтақавӣ ниёз доранд.

            Ҷиҳати амалисозии тарҳи мазкур Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аввали моҳи ноябри соли 2015 ба Осиёи Марказӣ сафари корӣ анҷом дода, рӯзи 1 ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мулоқоти Ҷон Керрӣ бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар раванди он силсила мулоқотҳои дуҷонибаи бо ҳукуматҳои ҳар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ таҳаққуқ ёфт. Баъд аз рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба аввалин мулоқот дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ дар соли 2023 баргузор гардида, мулоқоти дуюм бошад рӯзҳои 6-7-уми ноябри соли 2025 дар пойтахти ИМА ш. Вашингтон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки мақомоти баландпояи панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва ИМА рӯзи 4 сентябри соли 2025 дар Душанбе барои ҷаласаи котиботи C5+1 ҷамъ омада буданд. Мулоқотҳо ба муносибати даҳсолагии Қолаби C5+1 баргузор шуда буд, аммо дар он танҳо котиботи ҷаласа ширкат доштанд, на сарони кишварҳо. Яъне, гуфта метавонем, ки Саммити 6-7-уми ноябри соли 2025 дар ш. Вашингтон 2-юмин Саммит ва ҳамоиши Қолаби C5+1 ба шумор меравад.

         Дар робита бо ин, Котиби давлатии ИМА Марко Рубио эълон кард, ки дар соли 2026 ният дорад сафари расмӣ ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон анҷом диҳад. Ин хабарро агентии Reuters нашр карда, тасдиқ намуд.

             Агентии хабарии Алҷазира дар ин хусус нашр карда менависад, ки: “Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, ҳадафи ин форум афзоиш додани ҳамкории Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, то тавассути “ҳамкориҳои иқтисодии одилона ва мутақобилан судманд, таҳкими амнияти энергетикӣ ва пешбурди сулҳ тавассути ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи минтақавӣ” мусоидат мекунад”. Ба иттилои Кохи Сафед “Қолаби C5+1 се сутуни ҳамкориҳои ниҳоят муҳимро дастгирӣ мекунад: иқтисодӣ, энергетика ва амният”.

ТОҶИКИСТОН ВА ҚОЛАБИ C5+1

           Ба иттилои The Times of Central Asia Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қолаби C5+1 дар самти амният ва энергетика бештар манфиатдор аст. Тоҷикистон ба ин ҳамоиш бо авлавиятҳои мушаххаси амниятӣ ва энергетикӣ ворид мешавад. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 км марзи муштарак дорад ва бо таҳдидҳои доимии қочоқи маводи мухаддир, савдои одамон ва таҳдидҳои гуруӯҳҳои террористию ифротӣ рӯ ба рӯ мегардад. Тоҷикистон метавонад дар самти мубориза бо гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ аз кӯмаки Амрико баҳраманд гардад ва барномаҳои зиддитеррористиро тақвият бахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ҳушдор додааст, ки бесуботӣ дар шимоли Афғонистон метавонад ба қаламрави ин кишвар таҳдиди мустақим ҳисобида шавад. Аз он ҷо, ки мубориза бо терроризми байналмилалӣ хусусияти фаромиллиро дорад, ин яке аз самтҳои афзалиятнокест, ки Тоҷикистон метавонад онро бо Амрико густариш диҳад.

          Ҳамзамон, дар доираи Қолаби C5+1 имкони афзудани сармояи мустақими сармоягузорони ИМА ба Тоҷикистонро дучанд намуда, тавлиду коркарди маъданҳои табиии Тоҷикистонро бо сохтани корхонаҳои саноатии муштарак ба таври густурда рушд диҳад.

          Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва принсипи “Дарҳои боз” ҳамкориҳоро бо дилхол кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ, дар доираи манофеи миллии худ густариш дода, мехоҳад сол ба сол имиҷи хешро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбӣ афзояд.

           Ин аз талошҳо ва кордониҳои бевоситаи Пешвои миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки шарики стратегии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳисоб меравад, дар баробари ин ҳамкориҳои худро бо ИМА густариш медиҳад. Дар ҷаҳони муосир кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки дар як вақт бо кишварҳои абарқудрат, ба мисли ИМА, Россия ва ЧИН ҳамкориҳои судманро ба роҳ монда бошанд. Аз ҳамин лиҳоз, густариши ҳамкориҳоро бо ИМА метавон яке аз дастовардҳои нодири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуд, ки татбиқкунандаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Шодизода Комрон – сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара