Истиқлол рамзи озодӣ, пойдорӣ ва сарнавишти ҳар як миллат аст. Давлате, ки соҳиби истиқлолият мегардад, метавонад мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян намояд ва роҳҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро ба таври худ интихоб кунад. Барои миллати тоҷик, ки асрҳои тӯлонӣ таҳти ҳукмронии қудратҳои бегона қарор дошт, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соли 1991 воқеаи бузургу тақдирсоз гардид.
Истиқлол на танҳо озодиву соҳибихтиёрии давлатро ифода мекунад, балки масъулияти бузургро низ ба дӯши ҳар як шаҳрванд мегузорад. Дар ин миён нақши ҷавонон – ҳамчун қувваи пешбаранда ва ояндасози миллат – ниҳоят муҳим мебошад. Онҳо ҳамчун нерӯи созанда, ҳимоятгар ва ташаббускори ҷомеа вазифадоранд, ки истиқлолиятро ҳифз намуда, давлатдории миллиро таҳким бахшанд.
Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеаро ташкил медиҳанд. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки 61 % шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ ба 49 % мерасад. Ин рақамҳо худ далолат мекунад, ки пешрафт ва ояндаи давлатдории миллӣ аз иштироки фаъоли ҷавонон вобастагии мустақим дорад.
Ҷавонон дар раванди истиқлолият ҳамчун нерӯи эҷодӣ ва навовар ҳамеша дар сафи пеш қарор доштанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун — илм, маориф, фарҳанг, иқтисод, варзиш ва технологияҳои нав – комёбиҳои назаррас ба даст оварда, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногун на танҳо обрӯи давлатро боло мебарад, балки ба таҳкими истиқлолият ва устувории давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми истиқлолият ин аст, ки давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин татбиқи Барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон, худ далели онанд, ки онҳо дар маркази сиёсати миллӣ қарор доранд.
Ин қонунҳо ва барномаҳо барои ҷавонон имкониятҳои зеринро фароҳам овардаанд:
–идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ;
–дастгирии соҳибкорӣ ва ташаббусҳои ҷавонон;
–фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ;
–рушду дастгирии варзиш ва фаъолияти эҷодӣ;
–иштироки фаъол дар мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Бо шарофати ин сиёсати оқилона, ҷавонон имрӯз худро на танҳо ояндаи миллат, балки созандагони имрӯз ва муҳофизони истиқлолият эҳсос мекунанд.
Ҳифз ва пойдории истиқлолият кори осон нест. Он ниёз ба масъулиятшиносӣ ва муборизаи ҳамешагӣ дорад. Ҷавонон дар ин раванд нақши бузург мебозанд:
1.Пеш аз ҳама, бо омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар;
2.Сониян, бо мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ.
Ҷавонон дар баробари ҳифзи истиқлолият бояд саҳми худро дар рушди давлатдорӣ низ гузоранд. Ин масъулият онҳоро водор месозад, ки доим дар ҷустуҷӯи дониш, навоварӣ ва созандагӣ бошанд.
Ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ танҳо бо ташаббус ва масъулияти ҷавонон имконпазир аст. Ҷавонон ҳамчун такягоҳи давлат ва қувваи асосии ҷомеа вазифадоранд, ки бо дониш, кору фаъолият ва ватандӯстӣ давлатдории миллиро устувор гардонанд.
Истиқлолият на танҳо дастоварди таърихӣ, балки амонати муқаддас аст, ки бояд онро аз насл ба насл нигоҳ дошт. Агар ҷавонон бо худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ амал намоянд, бешубҳа давлатдории тоҷикон мустаҳкамтар ва истиқлолияти миллӣ ҷовидон хоҳад монд.
Самадова Раҷабмоҳ Валиевна – мутахассиси кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Данғара.


