“ҲАФТАИ ИЛМ” БАРОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА БОСАМАР ОМАД!

Санаи 20.04.2024, соати 09:00 омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Данғара ҚУРБОНОВ СИРОҶИДДИН ХАЙРИДДИНОВИЧ рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Истифодаи унсурҳои тарбияи ахлоқии педагогикаи мардуми тоҷик дар раванди таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», таҳти роҳбарии – доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Н.Н., барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмњои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, дар Шурои муштараки диссертатсионии 6D.KOA-022–и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно дорад.