НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

(дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Фарҳанг асоси зиндагӣ ва бунёди ҳастии инсон аст. Фарҳанг дар робита ба инсон ба вуҷуд омада, тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад. Аз ин лиҳоз, фарҳанг воситаи сосии ташаккули руҳи миллӣ, ҳувияти миллӣ, давлату давлатдорӣ ва дар маҷмуъ заминаи асосии худшиносӣ ва худогоҳии инсон ба шумор меравад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2001 зери унвони “Фарҳанг ҳастии миллат аст” суханронӣ намуда, иброз доштаанд, ки ба назари ман “Фарҳанг оинаест, ки дар он тамоми паҳлўҳои зиндагӣ акс меёбад” ва “Фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо буда, ҳофизаи таърихии миллатро устувор медорад, фарзандони ўро ба сўйи арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеаи башарӣ ҳидоят менамояд”. Ин баромади таърихӣ ва вохурӣ бо зиёиёни мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ такони бузурге бахшида, дар ин замина фарҳанги миллӣ бо тамоми унсурҳояш ба пешрафту тарақиёти назаррас ноил гардид.

Боиси зикри хос аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали давлатдорияшон ба масъалаи фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ, забон, иду маросимҳо, шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва умуман ба соҳаи фарҳанг диққати аввалиндараҷа додааст. Ин аст, ки фарҳанги миллӣ бо тамоми аносири хеш дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушду инкишоф намуда, дастовардҳои арзишманди фарҳангӣ ба вуҷуд омад.

Роҳбарияти олии мамлакат хуб дарк намудаанд, ки бе рушди фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ рушди давлату давлатдорӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон таъмин намегардад ва такя кардан ба арзишҳои фарҳангӣ ганҷест, ки хазинаи маънавиёти миллатро ғанӣ мегардонад. Тавре устод Рӯдакӣ мефармоянд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Илова бар ин, арзишҳои волои фарҳанги миллӣ беҳтарин сарчашмаи тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллат ба шумор меравад. Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги бой ва пурғановат буда, аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳанги моддиву маънавӣ офарида, ниёзҳои худро аз ҳар ҷиҳат қонеъ намудааст ва бадин васила дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштааст.

Ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ таърихи фарҳанги маънавӣ хирадномаи миллат аст, ки дар он ақлу заковати миллат гирд омадааст ва таҳаввули таърихии миллат акс андохтааст. Аксари муҳаққиқон бар он назаранд, ки фарҳанг дар рушду камоли ахлоқ, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва зебоишиносии инсон кӯмаки зиёд менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати фарҳангии ҳукумати мамлакат дар шароити соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се самти асосӣ равона шудааст:

Ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва маънавӣ;

Рушди забони давлатӣ;

Муаррифии фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ як қатор тадбирҳо роҳандозӣ намудаанд. Аз ҷумла, барқарорсозии инфрасохтори соҳаи фарҳанг, эҳё ва бунёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, қасрҳои фарҳанг дар шаҳру навоҳии мамлакат, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, шоирон, нависандагон, олимону донишмандон ва қаҳрамонону паҳлавонон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Амалишавии ин тадбирҳо барои устуворӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ таъсири мусбӣ расонида, арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро бо забони осон ва амалӣ ба ҷомеа интиқол медиҳанд.

Пешвои миллат новобаста аз шароити вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баҳри рушди фарҳанги миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва дар ин замина рушди давлатдории миллӣ корҳои арзишмандеро анҷом додаанд. Аз ҷумла, баргузории Симпозиуми байналмилалии 1000-солагии «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, таҷлили ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 3000–солагии Фарҳанги зардуштӣ, 2700-солагии «Авасто», 1150 – солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500 – солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ”, 700 – солагии Мавлоно Ҷалалуддини Балхӣ, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам Абуҳанифа, гиромидошти Абдураҳмони Ҷомиву Туғрал, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон. Дар ин радиф дар рушди санъату ҳунар ва эҳёи санъати мардумии «Фалак» ва ба Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудан ва ба қатори мероси ғайримодии ҷаҳонӣ шомил гардидани он, ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии башарият шомил гардидани “Чакан” бузургдошти санъати касбии «Шашмақом» ва эҳёи даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз заҳмату талошҳои фарҳангофаронаи Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад. Бархе аз љашнњои номбурда дар даврони мушкилоти иқтисодии кишвар ва нобасомониҳо таҷлил гардиданд, ки дар ин ҷода дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст.

Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Пешвои фарҳангдӯсту фарҳангпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги миллати тоҷик дубора эҳё гардида, барои ҷаҳониён муарифӣ шудаанд. Дар муарифии миллати тоҷик саҳми Пешвои миллат хеле бузург ва арзишманед мебошад, ки дар натиҷа шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷоти ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайра, онҳо ҳамчун қатрае аз уқёнуси сарватҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, дар қатори мероси нодири фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта шудаанд.

Ҳамзамон, бо ташаббус ва дастгирии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шањри Душанбе бунёди Китобхонаи миллӣ барои нигаҳдории 10 миллион китоб пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин ташаббусҳои фарҳангӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани осорхонаи миллї ва соли 2010 тибқи қатномаи махсуси СММ мақоми байналмиллалӣ гирифтани ҷашни «Наврӯз», бо қарори ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ворид гардидани ёдгории таърихиву археологии “Саразм” яке аз дастовардҳои бузурги фарњанги давраи Истиқлол ба шумор меравад. Шиори «Фарҳанг ҳастии миллат аст» асоси сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ шиори фарҳангиёну зиёиёни кишвар ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва пайванди насли имрӯза бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии Сада ва Меҳргон қонунан эҳё гардиданд. Бинобар ин, парвандаи номинаи “Меҳргон” низ барои баррасӣ дар соли 2024 ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи ғайримодди ЮНЕСКО пешниҳод гардида, ҷонибдорӣ ёфтааст.

Рушди давлатдории навини миллӣ дар соҳаи фарҳанг, ки сарчашмаи асосии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад, ҳаминро бояд зикр намуд, ки он ҳама анъанаву одатҳо ва арзишҳои фарҳангии моро, ки баъд аз ҳазор соли суқути давлати Сомониён ба даст омадаанд ва орзуву ормони ҳазорсолаи бузургони илму адаб аз қабили Маздаку Монӣ, Борбади Марвазӣ, Фирдавсию Сино ва садҳо бузургони миллат буд дубора эҳё намуда, барои рушди он мусоидат намудаанд, ки дар давлатдории навини тоҷикон бо сарварии Пешвои муаззами миллат амалӣ шуда истодааст.

Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии даврони Истиқлол, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаан, ин таҷлили ботантанаи санаҳои муҳими таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки қаблан аз онҳо ёдовар шудем.

Ба хотири ташвиқ ва тарғиби фарҳанги миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ миёни насли наврасу ҷавонон баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки бе восита аз ҷониби Пешвои миллат баргузор карда мешавад, яке аз роҳҳои муасири фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шаш соли гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар ширкат варзидаанд, ки аз онҳо 500 нафар ғолибиятро ба даст овардаанд. Чуноне, ки Сарвари давлат қайд намудаанд: “Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост”. Ташкил ва роҳандозии ин озмунҳо баҳри тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ, санъату ҳунар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии насли наврас ва баланд бардоштани завқи зебопарастии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Азизов К.Ҷ., н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара