Таърихи тоҷикон пур аз воқеаю ҳаводиси гуногуни пурбохту бурдҳо аст, ки дар ташаккули афкори меҳанпарастию ҳифзи арзишҳои миллӣ таъсиргузор аст. Яке аз марҳилаҳои муҳим ва ҳалкунанда дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони азиз расидан ба истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати демократӣ аст. Пўшида нест, ки ин раванд то ба марҳилаи комили худ расидан талошу заҳмат ва бурду бохти зиёде дорад.
Солҳои 90-уми асри 20 пас аз пошхўрии иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард ва аввалин гомҳоро дар ин роҳ гузошт. Мутаассифона мардуми мо, ки солҳо ташнаи озодӣ аз фармонравоӣ ва фишор болои расму ойини миллӣ, урфу одати аҷдодӣ буданд, бо расидан ба ин падида мисоли паррандаҳои аз қафас озодгашта ба олами бекарон роҳу равиши оини озодиро намедонистанд. Мардум яку якбора дар ҳама самтҳои фаъолияти иҷтимоӣ қадами озодона мегузоштанд, ба роҳнамоию тавсияи ҳар гуна ашхос бовар мекарданд ва оқибатҳои онро эҳсос намекарданд.
Ҳамин буд, ки гурўҳҳои бадхоҳ ва душманони миллати озодандешу дорои тамаддуни бойи ориёӣ мардуми нав ба озодӣ расидаро ба ҳар самт, ки мехостанд роҳнавоӣ карданд ва дар пайи иҷрои наќшаҳои нопоки худ истифода бурданд. Дар натиҷа дар байни ҷомеа гурўҳҳои гуногун бо андешаю афкори мухталифу беасос зиёд шуданд ва бо такя ба арбобони худ дастаҳои муттаҳид ташкил карданд. Ҳамзабонону ҳамдинон, ҳатто фарзандони як маҳал дар ду тараф муқобили ҳамдигар истоданд, вале бе мақсади рўшан, бе асоси воқеӣ барои зиндагии созанда. Аён набуд, ки кӣ бар муқобили кӣ ва барои чӣ бар мехезад ё ки киро аз ки муҳофизат бояд кунад?
Дар як давраи кўтоҳ тамоми занҷираҳои иқтисодию воридоту содироти молу маҳсулот гусаста шуданд ва мардуме, ки дар корхонаю ташкилот, колхозу совхозҳо кору фаъолият доштанд ё донишҷў буданду зиндагии осоишта доштанд ба майдонҳо рехтанд ва табли озодӣ заданд. Мутаассифона натиҷаи чунин номуайяниҳо буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ, ки имрўз муҳаққиқон онро ба таври гуногун таҷлил мекунанд, сар зад. Аз ҳар тараф овозаи қатлу ғорат ва талаю тороҷ ба гўш мерасид, дар дили мардум тарсу ваҳм афтод ва касе намедонист, ки фардо чӣ хоҳад шуд.
Маҳз дар чунин давраи мушкили пурфоҷиа бо фазли Яздони пок дар шаҳри бостонии Хуҷанд санаи 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, 16 рўз давом кард. Дастоварди асосии ин иҷлосия умед бахшидан дар дили мардум, ба майдони сарварӣ овардани фарзанди шуҷоъи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Аз лаҳзаи аввале, ки иштирокчиёни иҷлосия роҳбари давлатро якдилона интихоб карданд ва ў ба мардум муроҷиат кард, дар дилҳо чароғи уммед ва боварӣ фурўзон шуд.
Дар чунин марҳилаи душвори таърихи тоҷикон раиси шурои олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ваъдаи сулҳ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дод ва ҳамаро ба муттаҳидӣ даъват кард: “Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем”. Ин паёми интихорӣ дар дили мардуми азиятдида донаи уммед корид ва роҳи рўшане дар саҳрои ноумедӣ намоён гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва бо боварию такя ба сокинони сарбаланди кишвар пайи иҷрои масъулияти вазнин гардида, ҷавонмардонаю бохирадона аввалин гомҳоро гузоштанд. Аз ҷумлаи аввалин иқдомҳо ба боварии мардум сазовор гаштан, ба оромию муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ роҳнамуд кардани мардум, барпо намудани заминаҳои ҳуқуқии умури идораи давлат, уммед бахшида ба дили муҳоҷирону гурезагон баҳри бозгашт ба ватан, ба ҳам овардани тарафҳои мухолиф ва оғози марҳилаи сулҳу субот дар кишвар ва амсоли инҳо мебошанд.
Дар саҳифаҳои таърих, аз ҷумла китоби Салимӣ Носирҷон ва Шарифзода Абдуфаттоҳ (Тоҷики оламшумул, Душанбе, 2022) шарҳи кўтоҳи музокироти сулҳи тоҷикон, ки дар Маскав (солҳои 1994, 1996 ва имзои санади таърихии сулҳ 27 июни соли 1997), Афғонистон (соли 1996), Кобул ва Теҳрон (соли 1995), Машҳад ва Бишкек (соли 1997) ва дар маҷмуъ 8 маротиба бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, дар ёфтаанд.
Ҳадяи Яздонӣ барои халии тоҷик бастани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” буд, ки сокинон бо як хушнудӣ ва самимона пазируфтанд ва аз зумраи аввалин лаҳзаҳои шодию сурур дар кишвар гардид. Ба гуфти Лоиқ Шералӣ;
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Аз ҷумлаи хизматҳои шоистаи роҳбари давлати навбунёди тоҷикон дар марҳилаи кўтоҳи таърих мардумро сарҷамъ сохтан, баҳри бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои устувор гузоштан, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари соҳибистиқлол муарифӣ кардан, самтзои асосии рушди кишварро тарҳрезӣ ва зина ба зина дар амал татбиқ намудан ва амсоли инҳо мебошанд. Ба гуфти хоҷа Ҳофизи Шерозӣ,
На ҳар ки чеҳра барафрўхт дилбарӣ донад,
На ҳар ки оина созад сикандарӣ донад.
На ҳар ки тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдорию ойини сарварӣ донад.
Ба қадду чеҳра зар он кас, ки шоҳи хубон шуд,
Ҷаҳон бигирад, агар додгустарӣ донад.
Имрўз мардуми тоҷик бо роҳнамоии хирадмандонаи сарвари худ роҳи муайяни пешрафти ҳамаҷонибаро сарбаландона пеш гирифтааст ва пайи таҳсилу кору фаъолият ва ободсозии ватани азиз якдилона қадам мегузорад, ки аз ҷулмаи меваҳои соҳибистиқлолӣ аст. Давоми беш аз 30 сол зина ба зина марҳилаҳои соҳибистиқлолиро тай карда, мо тоҷикон роҳу пайкори муайянро тадриҷан соҳиб гаштем. Мардум пайи бунёди зиндагии шоиста, барои ободкорӣ содиқона талош мекунанд ва натиҷаи кору фаъолияти хешро дар пешрафти сатҳу сифати зиндагонӣ дар мадди аввал мегузоранд. Ба андешаи мо ин аст маънои расидан ба озодӣ ва сулҳу суботи комил. Албатта, бо итминони комил метавон гуфт, ки ин раванд дар кишвар идома хоҳад дошт ва дар маҷмуъ ба пешрафти устувори тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Расулзода Б.Р. номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, сардори раёсати таълими Донишгои давлатии Данғара


