ДАР БОМИ ВАТАН ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Парчам ба ману шумо Ватан мегӯяд,

Аз меҳри Ватан ту дил накан мегӯяд.

Вақте ки баланд мешавад парчами мо,

Гуё, ки зи номи мо сухан мегуяд.🇹🇯

Осими Оқил.

      Дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи III-и пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var — «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra — ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст. Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳанӯз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷойи кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст. Дар Эрон пеш аз густариши ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бинобар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд, ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифгари шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон (Авесто: āθravan, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳанӯз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”. «Парчам» вожаи суғдӣ («parčam») аст, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи «Парчам» ба ду маъно чунин тафсир ёфтааст. Парчам پرچم кит. 1. байрақ, ливо. 2. пӯпаки абрешимин, ки ба байрақ баста мешавад. «Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «drafša-» аст ва баробари он дар ҳинди бостон вожаи «drapsá-» буд. Аз ин вожаи эронии бостонӣ «drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf/ərδəšf] ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд. Вожаи «Дирафш» зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст: ДИРАФШ I درفش олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш. ДИРАФШ II درفش кит. парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёнӣ, дирафши сурх.ДИРАФШ III درفش кит. дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ариёҳо дар «Авесто» омадааст. Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Имрўз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Парчам ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи ҳамватанонамро ба муносибати рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳавои Тоҷикистон азизамон доимо соф ва Парчами давлатиамон ҳамеша парафшон бошад.

Диловаршоҳи Муҳаммад мутахаcсиси маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии Данғара