«Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини ифротгароӣ (экстремизм) ба шумор меравад. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони фаронсавӣ (extremism) ва аз лотинӣ (extremus) гирифта шуда, маънои канораро дорад. Экстремизм дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад. Терроризм аз забони лотинӣ (terror-даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст.
Амалиёти экстремистӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконпазир аст. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқоти осоишта ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизми сиёсист. Террористон одамонро медузданд, дар ҷойҳои таҷаммӯи мардум маводҳои тарканда метарконанд, ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананд, ки мисолҳои зер баёнгари ин гуфтаҳоянд.
Аз дасти террористони сикх 31 октябри соли 1984 сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ ба қатл расид. Солҳои 1990-1993 созмони террористии “Созмони озодибахши Тамил Илама” дар Шри-Ланка қатли якчанд шахси сиёсӣ, аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон Раҷив Гандӣ (1991), президенти Шри-Ланка Ранасингх Премадс (1993) ва дигар ходимони баландрутбаи низомию давлатиро ба иҷро расонид. Рӯзи 9-сентябри соли 2001 фармондеҳи номдори муборизаи зидди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аз тарафи ду нафар террористи араб ба қатл расид.
Якчанд шаклҳои терроризмро фарқ мекунанд, ки асоситарини онҳо навъҳои зер мебошанд:
-Терроризми сиёсӣ ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурӯҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.
-Терроризми миллатгароӣ ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз террор асос ёфтааст. Терроризми миллатгароӣ бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин баҳри иҷрои амалҳои дигар, тағйирот дар сохти давлати мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад. Ба мисоли чунин навъи терроризм Армияи ҷумҳуриявии Ирландия (Ирландияи шимолӣ), Ҳизби коргарии Курдистон (Туркия), Фронти озодихоҳи Квебака (Канада), Паланги озодихоҳи Тамил Илама (Шри-Ланка)-ро номбар намудан мумкин аст.
-Терроризми динӣ он ба муқобили сиёсати глобалии давлатҳои абарқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро дар як “хонаи бузург” муттаҳид кардан мехоҳанд, ки ин иқдом оқибат ба дини онҳо рахна ворид месозад, равона гардидааст. Баъзе аз ин навъи ташкилот бахусус “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида” ва ғ. мақсади бунёди хилофати мусулмониро доранд.
-Терроризми ҷиноӣ он бо куштор, низоъ андохтан миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.
-Терроризми технологӣ, ки таҳдиди аз ҳама бештар дорад ва бо истифода аз яроқӣ ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад.
Терроризм бо гурӯҳ ва ташкилотҳо муттаҳид гаштааст. Ташкилоти террористӣ иттиҳоди ташкилиест, ки барои ба амал баровардани амалҳои гуногуни террористӣ асос ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ бошад, ҷузъи фаъоли дохили ташкилот аст, ки ҳадафҳо ва мақсадҳои асосии ташкилотҳои террористӣ тавассути он таъмин карда мешавад.
Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, ҷараёне гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои ҳаросафкан бо истифода аз зӯровариву хушунат ё таҳдид ба ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва ё идеологии худ расидан мехоҳанд. Мақсади ибтидоии терроризм, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Мақсади ниҳоии чунин ҳаракатҳо бошад, маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист.
Ба ибораи дигар, терроризм мактабест, ки асоси онро равиши таҳмили ақидаҳо бо дигарон танҳо аз тариқи зӯроварӣ, террор, ҷанг, ҳаросафкану ваҳшат, ошӯб, кушторҳои ҷамъӣ, шиканҷа, қатли ом, амалиёти чирикӣ ва инқилоб ташкил медиҳад. Пайравони ин мактабро, ки аз онҳо ҷонибдорӣ намуда, барои расидан ба ормону ҳадафҳояшон аз он истифода карда бошанд, “террорист” меноманд. Террорист метавонад фард, гурӯҳ ва ё ягон созмону ташкилот бошад.
Терроризм аз ҷанги муқаррарӣ аслан бо он фарқ мекунад, ки амалиёти бардавомро соҳиб нест. Онро як навъ ҷанги бемуҳлат ном мебаранд. Субъектони терроризм низ бо психологияи махсуси худ фарқ мекунанд, ки онро психологияи террорист меноманд:
- бераҳмӣ (террорист медонад, ки бо амали содиркардаистодаи худ ҷони чандин нафарро аз байн мебарад, вале онро содир мекунад);
- дилмондагӣ аз ҳаёт (террорист пеш аз содир намудани амале ҳамин қадар бояд худро бовар кунонад, ки рӯзе мемирад ва ё агар дастгир шавад, умри минбаъдаи ӯ паси панҷараи зиндон мегузарад);
- нафрат доштан (ба худ, ба шахсони алоҳида, ба ҷомеа);
- фанатизм (таассуб);
- ноустувории психологӣ, бемории психикӣ;
- боварӣ ба он, ки амали ҳақро содир мекунад.
Воқеаҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин амалиётҳои террористии дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Туркия, Федератсияи Россия, Украина, Фаластин, Исроил, Қазоқистон ва дигар мамлакатҳо ба амал омада, ки боиси фавти мардуми бегуноҳ гардид, ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро водор, вазифадор ва уҳдадор менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои оромиву осоиштагии ин диёри биҳиштосоямон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат сайъу талош намоем ва пайваста пайравони асили Пешвои миллат ва содиқ ба ин Ватану миллат бошем.
Азизов А.Ҷ. – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара


