САҲМИ ИЛМИ ГЕОЛОГИЯ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

(дар ҳошияи таҷлили Рӯзи геологияи тоҷик, 9-уми декабр)

«Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии нотакрор мебошад, ки бояд самаранок ва бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда истифода шаванд».

                                                                                                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

      Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи апрел дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рузи геологон таҷлил мегардид. Ҳануз соли 1966 геологони Шӯравӣ дар қисмати паси Байкал дар натиҷаи пешбурди корҳои геологӣ-иктишофӣ пармачоҳи аз захираи нафт бойро ошкор намуданд. Ин пармачоҳ нахустин коне буд, ки захираи бениҳоят зиёди “тиллои сиёҳ”- ро дошт. Ва маҳз, ин хизмати геологонро ба инобат гирифта, як гурӯҳ геологони варзидаи соҳа бо сарварии академик А.Л. Яншин ба унвонии собиқ Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС муроҷиате манзур доштанд, ки хизматҳои геологонро қадрдонӣ намуда, як рӯзро чун рӯзи касбии геологон қабул доранд. Ва хизматҳои бузургу шоёни геологони шӯравиро дар самти бунёди базаи минералӣ-ашёи ба инобат гирифта, Президиуми Шӯрои онвақтаи ИҶШС фармонеро аз 31 уми марти соли 1966 ба тавсиб расонид, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи апрел чун Иди касбии геологон қайд карда шавад.

Бояд зикр кард, ки беҳуда маҳз дар ин мавсими сол таҷлил намудани Рӯзи геологон ба миён наомадааст. Зеро, ин вақт оғози корҳои саҳроӣ баҳри геологон шуруъ мегардад.

      Дар кишвари мо ибтидо аз соли 2011 бо фармони махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабр ҳамасола Иди геологони тоҷик таҷлил карда мешавад. Ва дар ин мавсим низ таҷлил намудани Рӯзи геологон беҳуда нест. Зеро, маҳз ин мавсими сол хотимаёбии корҳои саҳроиву экспедитсионӣ барои геологон аст, ки эшон иҷроиши корҳои саҳроӣ, дастовардҳову комёбиҳо ва навгониҳои худро ҷамъбаст менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фаъолияти пурсамари геологон таъкид низ карданд, ки бигзор геологон дар як сол ду рӯз Ид дошта бошанд.

     Аз ин иқдому дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон геологони тоҷик илҳому неруи нав гирифта, кӯшишу заҳмат мекашанд, ки дар ошкор ва дарёфти конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданок дар сарзамини кишвар пурмаҳсул ва содиқона заҳмат кашанд.

     Дар ин самт кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар партави иқдому дастгириҳои Сарвари давлатамон тамоми малакаву дониш ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи геология ва ғанӣ сохтани иқтисоди кишвар саҳми беандозаи худро гузоранд. Ва ба ин васила, дар соҳибистиқлолии соҳаи геологияи тоҷик ва иқтисоди кишвар саҳмгузор гарданд.

«Мо бояд шукргузор бошем, ки дар чунин сарзамини дорои неъматҳои табиӣ умр ба сар мебарем. Аммо дар баробари ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ҳифзи ин сарватҳо саҳмгузор бошад».

                                                                                                                                                                                                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Мавзеъи Дараи Пиёз аз лиҳози маъмурӣ ба ноҳияи Рашт тааллуқ дошта, дар баҳамоии се қаторкӯҳ- Туркистон, Олой ва Зарафшон мавқеъ гирифтааст.

      Дар омӯзишу ошкор намудани минералҳои нави ин мавзеъ олимони тоҷик бо ҳамкорӣ бо олимони рус, аз Осорхонаи минералогии ба номи А.Е. Ферсмани шаҳри Москав ва зумра дигар муассисаҳои илмии ин давлат ва хориҷӣ пураҳсул заҳмат мекашанд. Олимони тоҷику рус В.Ҷ. Дусматов, А.Р. Файзиев, Л.А. Паутов, А.А. Агахонов, В.Ю. Карпенко, К.И. Игнатев, Е.В. Соколова, П.В. Хворов, А.В. Бикова, Е.И Семенов, Ф.Г. Ғафуров ва чанде дигарон дар омӯзиши минералогияи мавзеъи мазкур ва кашфи минералҳои нави мавзеъ заҳматҳои зиёде кашидаанд.

        То ба имрӯз дар ин мавзеъ зиёда аз 35 минералу навъҳои нави онҳо ошкор карда шудаанд. Ва қисми бештари ин бозёфтҳои илмӣ-минералҳо ба шарафи олимони тоҷику хориҷ, мавзеъҳои кишвари азизамон ва дарёву қаторкӯҳҳои сарзаминамон номгузорӣ гаштаанд. Аветсенит, баротовит, дустматовит, файзиевит, тоҷикит, суғдионит, дараипиёзит, туркистонит, сурхобит, зарафшонит, тёншонит, ғармит, араповит, соколовит, пековит, александровит ва ин номгӯйи ночизи он минералҳоест, ки дар ин мавзеъ дарёфт гардидаанд. Дар қатори ин минералҳо зиёда аз 25 минерали дигар бо навъҳои худ низ аз ин ҷо кашф карда шудаанд, ки диққати олимони ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст.

Мо умед дорем, ки сол то сол миқдори минералҳои ин мавзе боз ҳам афзун мегарданд. Ва ин мавзеи аз лиҳози минералогӣ беҳамто чун мамнӯъгоҳ ва ё лабораторияи минералогӣ шинохта ва таҳқиқоти ҳамаҷониба дар ин мавзе ба роҳ монда мешавад.

Дар фароварди нигоштаҳои худ мо кулли геологони кишварро бо ин иди фархунда – Рӯзи геологони тоҷик табрик намуда, баҳри онҳо бурдбориву комгорӣ хоста, дастовардҳои назарраси илмиро таманно дорем.

Саидов Абурайҳон Исоевич – муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории факултаи муҳандисӣ ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара