ПАЁМ ВА ҲАДАФҲОИ АСОСИИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бисёр вазифаҳо, ташаббусҳо, иқдомҳо, роҳнамоиҳо, ӯҳдадориҳо ва ҳадафҳои стратегӣ, инчунин дигар масъалаҳою мушкилоти ҷомеаро хирадмандона ва дурандешона нишон дод.

Якум. Ҳадафи якуми стратегии мамлакат яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки бо мақсади расидан ба ин ҳадаф ба истифодаи самарабахши неруи барқ дар Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.

Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.

Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд. Даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқӣ обии хурду бузург, 1,5 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маъмӯъ 75 фоизи инфрасохторҳои энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ҳақиқат илова бар ин ба кор андохта шудани 2 агрегати НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019, таҷдиди НБО “Норак” ва НБО “Қайроқум”, идомаи тадбиқи лоиҳаи НБО “Норак” ,таҷдиди НБО “Сарбанд” аввали соли 2021 ва оғози корҳо дар бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ки дар Паёмҳои пешин баррасӣ гардида буданд, иҷро гардида, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли Неруӣ барқ дар замони соҳибистиқлолӣ чандин баробар афзоиш ёфт. Вале мо бояд ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ ҷиддӣ масъулият ҳис намоем. Ва ба талафоти беҳудаи нерӯи барқ роҳ надиҳем. Агар ҳар як оила ва ҳар як корхонаву муассиса ё ташкилоту идора ба ҳисоби миёна дар 1 шабонарӯз 10 КВТ, қувваи барқро сарфа намояд, дар миқёси мамлакат ҳаҷми умумии сарфаи нерӯи барқ ба миллионҳо КВТ, мерасад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.

Дуюм. Ҳадафи дуюми стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавре ки дар Паём омадааст:

-“Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.

Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Дар ҳақиқат амалӣ гардидани ҳадафи муҳими стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ имкон дод, ки роҳҳои автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва дар маҷмуъ роҳҳои транзитӣ мо бо кишварҳои минтақа, Осиё, Аврупо, Австралия ва дигар минтақаҳо роҳҳои хушкиву баҳрӣ, пулҳо дошта бошем ва бо ин васила воридоту содироти маҳсулоту масолеҳҳои – заруриро ба роҳ монем. Ғайр аз ин сохтмони роҳҳои мошингарди замонавӣ ва пулҳо, нақбҳо имкон медиҳад, ки мо ба чунин имкониятҳо ва пешравиҳо ноил гардем:

-бемамониат расидан ба мавзеҳои муайяншуда

-бехатарии роҳҳо дар тамоми фаслҳои сол

-сарфа намудани сӯзишворӣ

-сарфа намудани вақт.

Сеюм. Ҳадафи сеюми стратегии мамлакат ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Тавре ки дар Паём омадааст: “Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд.

Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид. Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид.

Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт.

Итминон дорам, ки бо дарназардошти чунин шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд”.

Дар ҳақиқат ин рақамҳои овардашуда мутлақо дуруст ва айни муддаост. Зеро, ҷои шубҳа нест, ки мо солҳои пеш миқдори ниҳоят зиёди гушти парандаи аз нигоҳи ғизо пастсифатро аз дигар давлатҳо ворид менамудем. Имрӯз бошад, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, акнун гушту тухми аз парранда истеҳсол мекардагии мо аз нигоҳи экологӣ ва беҳдоштӣ тоза ва серғизо буда, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ мебошад, зеро онҳо истеҳсоли худӣ мебошанд.

Чорум. Ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад. Тавре дар Паём омадааст: “Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.

Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст”.

Пешниҳоди сарвари мамлакат оид ба эълон гардидани Солҳои 2022-2026 солҳои рушди санот айни муддаост. Дар ҳолати саноатикунонӣ мо якбора ба ду ҳадаф мерасем, ҳам амнияти озуқаворӣ таъмин мегардад ва ҳам кишвари мо метавонад ба яке аз кишварҳои муттарақии ҷаҳон табдил ёбад. Саноат дар асл соҳаи хеле муҳим ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Масалан, барои харидани як трактори тамғаи “Беларус” мо маҷбур ҳастем, ки 150 тонна ангури баландсифатро фурӯшем, ки истеҳсолу парвариши ин миқдор ангур аз деҳқон чӣ қадар заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Дар ноҳияи Данғара сохта ба истифода дода шудани 40 корхонаи калону хурди саноатӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки “Ҷунтай-Синсилу-Данғара-Текстил”, корхонаи мурғпарварии “Мармарӣ” ва даҳҳо дигар корхонаҳои саноатӣ боиси таъмин гардидани шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ гардида, сатҳи зиндагии мардум низ тадриҷан рӯ ба афзоиш ёфт.Дар баробари ин мо медонем,ки давлатҳои мутараққӣ, ба монанди ИМА, Россия, Олмон, Чин, Англия, Фаронса, Италия ва дигар давлатҳо маҳз давлатҳои саноатӣ мебошанд ва дар натиҷаи рушди саноат дар ин кишварҳо соҳаҳои дигар низ тараққӣ кардаанд.

Дар Паёми имсола дар баробари соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту сохтмон ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш, фарҳанг, ҷавонон, занон, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои ҳақиқӣ дода шуда, ин соҳаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар марҳилаи кунунии пешрафтаи Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дунявӣ нақши калидӣ мебозад.

Роҳбари давлат дар Паёми соли 2019 пешниҳод намуда буд, ки 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”- иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар ҳақиқат, агар аз нуқтаи назари таҳлили ҷиддии сотсиологӣ, демографӣ ва ҷуғрофии омӯзиши амиқу дақиқу мукаммали ин силсилафанҳо ва фанҳои техникӣ назар афканем, мутаасифона ҳоло ҳам омӯзиши ин фанҳои марбута дар кишварамон назар ба давлатҳои абарқудрати дунё ба монанди ИМА, Япония, Олмон, Фаронса, Федератсияи Россия, Италия, Англия ва дигарон нисбатан дар сатҳи нигаронӣ қарор дорад.

Шояд сабаб он бошад, ки мутахассисону олимони соҳаҳо аз таҷрибаҳои олимони бузурги олам кам истифода мебаранд, роҳҳо ва усулҳои беҳтарини омузиши мукамали ин фанҳоро ба таври замонавӣ пурра ба роҳ намондаанд ва инчунин алоқаи муассисаҳои таълимӣ бо истеҳсолот суст ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки хонандагону донишҷуён аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ риёзӣ ва техникӣ донишҳои назариявӣ дошта, донишҳои амалӣ, эҷодкорӣ, ихтироъкориашон нисбатан сусттар аст. Мо омӯзгорону олимонро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагону донишҷӯёнро аз ин фанҳо ба дараҷаи меъёрҳои ҷаҳонӣ баланд бардорем, назарияро бо амалия пайваст намоем, то ин ки дар оянда наврасону ҷавонон ихтисосмандони дорои тафаккури баланди зеҳнӣ, ихтироъ корон, эҷодкорон, ҳунармандони асил, дорандагони медалҳои ифтихорӣ то дараҷаҳои барандагони ҷоизаҳои байналмилалӣ ва аз ҳама муҳимаш мутахассисони арзандаи пешбурди тамоми самтҳои мухталифи хоҷагии халқ гарданд, то ин ки кишвари мо низ тавонад истеҳсоли маҳсулотҳои саноатиро ба монанди мошинҳо, тракторҳо, автобусҳо, тролейбусҳо ва дигар механизмҳоро мустақилона истеҳсол ва содирот намояд. Ман фикр мекунам, ки ин аст яке аз мақсаду мароми пешниҳоди Пешвои муаззами миллат оид ба амалигардонии ин барнома.

Дар Паём қайд гардид, ки “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.”

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Хайрзода Ш.Қ. зимни фаҳмонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бомаврид ва бо рақамҳо ва андешаҳои ҷолибу пурмазмун ба ҳозирин таъкид кард.

Яъне, агар ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззам дар тамоми кишвар иҷро шавад, яъне мардум ба ҳунаре, касбе ё шуғле фаро гирифта шаванд, сатҳи камбизоатӣ аз 19%-е, ки дар Паём ишора гардид, боз ҳам поён мефарояд.

Дар Паём омадааст: “...Сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон соли 2025 ба 77 сол баробар шуд, ки ин нишондищанда нисбат ба соли 1991 11 сол зиёд мебошад...”

Сабаб чист? Ба андешаи банда расидан ба чунин нишондиҳандаҳои нек аз иқдомҳои наҷибонаю башардӯстона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, ки дар ин росто омилҳои зерин амалӣ гардиданд:

1.Хеле маҳдуд гардидани ҳаҷми маҳсулотҳои воридотии хуроквории бесифат ва химиконидашудаи дохиливу хориҷӣ барои шаҳрвандон

2.Шароити мусоиди кору истироҳати шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ

3.Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулотҳои озуқавории табиии худӣ

4.Пешгирӣ аз одатҳои зарарнок ба саломатӣ - тамокукашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, ва ғайраҳо.

5.Ҳимоя ва дастгирӣ гардидани соҳибкорон ва кишоварзон

6.Баланд гардидани технологияи сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ ва ғайраҳо.

7.Сохтмону азнавсозии корхонаҳои нави саноатӣ.

“Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбуёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”,“Фалак”,Наврӯз, Тиргон, ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд.”

Албатта бисёр хуб аст, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумат қисме аз онҳо, аз ҷумла шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон, Шашмақом, Наврӯз,Оши палав, Чакан, атлас, адрас ва инчунин 15 декабри соли 2021 “Фалак” ба феҳристи моддию ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудаанд ва дар оянда қалъаи Ҳулбук, ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин феҳристи умумибашарӣ ворид хоҳанд шуд. Яке аз руйдодҳои хеле муҳими таърихи халқи тоҷик ин аввалин бор дар минтақаи Аврупо дар Фаронса ба намоиш гузошта шудани нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон- кишвари дарёҳои тиллоӣ ” (моҳи октябри соли 2021) ба шумор меравад, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик аст. Боиси ифтихор аст, ки ҷашнгирии 2500 –солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд.

Дар Паём омадааст: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад”.

Ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар бояд аз чунин меросҳои таърихию фарҳангии мамлакатамон ифтихор намоем ва ба қадри онҳо бирасем ва худамон дар ҳифзи арзишҳои миллиамон амалан саҳм гузорем.

Аз 1 сентябри соли 2026 зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи маориф ва стипендияи донишҷӯён боз як ғамхории Пешвои миллат нисбат ба омӯзгорон ба шумор меравад.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат комиссияи санҷишӣ оид ба сатҳу сифати дарсҳои омӯзгорон ва донишазхудкунии донишҷӯён таъсис дода шуда, натиҷагирӣ оиди ин масъала идома дорад. Яъне, мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар олам ҳамчун кишвари тамаддунофару фарҳангдӯст, созандаю ободкор, пешрафтаю гулгулшукуфон ва мардумаш меҳмонннавоз шиносанд, бояд ба ҷавонону наврасон забонҳои русӣ ва англисиро ба дараҷаи баланди технологӣ омӯзонем. Ин амалро таъҷилан иҷро намуда, роҳу усулҳо, маҳорату малакаҳо ва татқиқотҳои илмию методиро ҷиҳати омӯзиши пурраю мукаммали ин ду забони байналмилалӣ ёфтанамон ҳатмист. Зеро ба андешаи Пешвои миллат тоҷир ё соҳибкоре, ки забони англисӣ ё русиро намедонад, пас вай чи тавр метавонад дар рушди соҳибкории ватанӣ саҳмгузор бошад?

Пешвои миллат дар Паёми имсола низ чун паёмҳои пешин аз мушкилоти глобалии терроризм ва экстремизм, шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ нигаронӣ карданд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”. Дар баробари ин қайд гардид, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки дар кишвар сар зада, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳамчун сабақи талхи таърихӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Аз ин лиҳоз бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият доданамон лозим аст.

Вале, дар ин масъала мардум низ бояд бетараф набуда, мо ҳамагон вобаста ба касбу кор ва синну сол ҳамчун ҳуқуқи Конститутсионии хеш вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи Ватан-Модар якҷоя бар зидди ҳама гуна амалҳои номатлуби ба кишвару миллат хатардошта мубориза барем ва ин амалҳои хатарнокро пешгирӣ намоем.

Дар Паёмҳои солҳои пешин зикр шуда буд, ки “Силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст”. Дар ин росто, ман фикр мекунам, ки ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо пеш аз ҳама вазифаи олимони кишвар мебошад.

Гарчанде, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи об дар ҷаҳон ҷои ҳафтум, дар минтақа ҷои якум ва двр байни давлатҳои ИДМ ҷои дуюмро ишғол намояд ҳам, вале, мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат дар масоили мушкилоти обу пиряхҳо ин ҳифзу ҳимояи шаҳрвандони тамоми олам аз истифодаи оби ифлос, таъминоти башар бо оби тозаи ошомиданӣ ва дарёфти роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обу пиряхҳои кураи замин мебошад.

Пешвои миллат дар Паём аз он нигаронӣ намуд, ки сол ба сол масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ афзоиш ёфта, аз ин сабаб ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ паст мешавад.

Ба андешаи ман барои кишоварзон зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот корҳои заруриро анҷом додан зарур аст:

1.Риояи маданияти баланди заминдорӣ

2.Ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф

3.Ҳифзу захираҳои об

4.Пешгири аз шӯршавӣ, биёбон шави ва ботлоқшавии заминҳо

5.Шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда

6.Рушд додани соҳаи тухмипарварӣ

7.Истифодаи поруҳои органикӣ дар заминҳои кишоварзӣ ва ғ.

Бо ибтикори Пешвои миллат эълон гардидани “Соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” боз як иқдоми ватанпарастонаи Сарвари давлатамон маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат, таърихи пур ифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Корнамоиҳову ҷонфидоиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик Шерак, Спитамен, Деваштиҷ, Куруши Кабир, Муқаннаъ, Восеъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, ҳамаи Қаҳрамонон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин хизматҳои содиқонаи Қаҳрамонони Тоҷикистон С Айни, Б Ғафуров, М Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Н Махсум, Ш, Шоҳтемур ва дигар ходимони намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ ва адабӣ барои насли ҷавони имрӯза шоистаи ибрат ва ифтихори халқи тоҷик мебошанд ва бояд бошанд.

Дар ин росто, бо супориши Роҳбари давлат, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон ” ва “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар як оилаи кишвар аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, ба аҳолии кишвар тақсим гардид.

Ҳамин тавр, дар Паёми Пешвои миллат доир ба тамоми ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо, омилҳои рушд, ӯҳдадориҳо, вазифаҳо, роҳнамоиҳо, пешниҳодҳо ва роҳу усулҳо ба хотири пешбурди самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ба таври васеъ ва равшану возеҳ баррасӣ гардидаанд ва метавон гуфт, ки Паёми навбатӣ ҳамчун дастури роҳнамоест барои пешрафту ободонии Ватани азизамон Тоҷикистон.

Мо шаҳрвандони кишвар вазифадор ҳастем, ки дар ҷавоб ба пуштибониҳо, ғамхориҳо ва таваҷҷӯҳу дастгириҳои беандозаи Пешвои миллат ҷиҳати рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии шоистаи мардум ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва бо ин васила барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Асомуддин Азизов – муҳаррири шуъбаи табъу нашр, муовини Раиси ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии Данғара