ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ, МАОРИФ ВА ИЛМ

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16.12.2025)

Санаи 16.12.2025. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки тамоми самтҳои фаъолияти яксолаи мамлакатро дар бар гирифта, бо таҳлилҳои дақиқу муқоисашаванда ироа гардид. Пеш аз ҳама, Президенти кишварамон дар Паёми имсола аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ва рӯйдодҳои муҳим ба мисли интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рӯйдодҳои муҳими таърихию сиёсӣ сухан ронданд. Дар Паёми имсола тамоми соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ҷумҳурӣ зери омӯзиш ва таҳлили Пешвои миллат қарор гирифта, аз дастовардҳо ва вазифагузориҳо барои солҳои минбадаро баррасӣ ва пешниҳод намуданд. Бояд қайд намоем, ки яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳим ва зарурии кишварамон ин соҳаи илм ва маориф мебошад, ки ҳама вақт дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат қарор дорад. Зеро, маҳз рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз илму маорифи пешрафта ва тараққиёфта вобаста мебошад. Аз ин хотир, дар Паёми имсола нисбати ин соҳаи ниҳоят муҳими мамлакат таваҷуҳи зиёд дода шудааст.

Дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои миллат чунин иброз гардид, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидӣ, яъне соҳаи маориф мунтаззам зиёд мегардад ва ҳамасола ҳаҷми умумии он беш аз 21%-и хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Як нуқтаро бояд иброз намоем, ки маҳз барои соҳаи маориф дар соли 2026 маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ тақрибан 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 – 25,4 % ва нисбат ба даҳ соли қаблӣ, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Аз нишондиҳандаҳое, ки дар Паёми имсол ироа гардидан ин худ шоҳиди ҳол ва боиси ифтихор мебошад, ки аз ҷониби Президенти мамлакат маҳз дастгириҳои молиявӣ нисбати ин соҳаи калидии кишварамон дида мешавад. Бояд қайд намоем ки, аҳолии мамлакат ҳамасола тақрибан аз 200 то 250 ҳазор нафар зиёд гардида истодааст ки, ин нишодиҳанда бевосита ба афзоиши хонандагон оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, зарур шуморида мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус нисбати ин соҳаи афзалиятнок дода шавад.

Инчунин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.

Президенти кишвар дуруст ва саривақтӣ иброз намуданд, ки мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯӣ намоем. Сарвари кишвар як нуқтаро дуруст ва саривақтӣ ҳисобида, ба падару модарон, инчунин омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, иброз намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Чунки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд вобастагии амиқ дорад.

Қобил ба зикр аст, ки тули чанд соли охир дастгирию ҳавасмандиҳо нисбати омӯзгорон аз ҷониби Пешвои миллат мунтазам дида мешавад. Инчунин, дар Паёми имсолааш Пешвои миллат аз 1-уми сентиябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумиро 25% , дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илмро 20% зиёд гардонид.

Маҳз ин дастгириҳо бевосита аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар ба ҳисоб рафта, боиси ифтихори тамоми кормандону омӯзгорони соҳаи маорифи кишвар мебошад. Дар охир ҳаминро қайд намудан ба маврид аст, ки Паёми соли 2025 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, ҳамчун дастури созанда ва сарнавиштсоз барои мо кормандони соҳаи маориф ва илм зарур ва саривақтӣ ба шумор меравад.

Азиззода Бадриддин Мирзовалӣ – н.и.и., муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандии Донишгоҳи давлатии Данғара.