АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСИИ РУШД ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

(Бардошт аз Паёми Пешвои миллат)

Имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ вобаста ба рушди иқтисод ва фарҳанги миллӣ талабот ба мутахассиси соҳибкасби забони русӣ ва англисӣ бештар гардида истодааст. Забони англисӣ роҳро ба сӯйи уфуқҳои нави дониш, иттилоот дар ҳамаи соҳаҳо, ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ боз мекунад. Албатта, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо омӯзиши забони англисӣ ниҳоят муҳим аст, зеро ин забон муоширати байналмилалиро таъмин менамояд. Ин аст, ки дар Паёми навбатии худ 16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ин масъаларо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, таъкид намуданд, ки: «...Аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025, ки самтҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва масъалаҳои муҳимми ҷомеаро дар бар мегирад, барои омӯзиши забони англисӣ ҳамчун дастур барои фаъолияти оянда ва дарки аҳамияти забон дар алоқаи байналмилалӣ, рушди технологияҳои иттилоотиву рақамӣ нақши муҳим дорад. Паём саъйю кӯшишҳо намудан дар самти рушди рақамикунии тамоми соҳаҳои илму истеҳсолот ва алоқаи байналмилалӣ такя карда, дар ин росто омӯзиши забони англисиро ҳамчун воситаи муҳимми ҳамгироӣ бо ҷаҳони муосири илму техника таъкид менамояд.

Дар ин паём, Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки омӯзиши забони англисӣ барои расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ зарур аст. Забони англисӣ, ки ҳамчун забони глобалӣ ва воситаи асосии муошират дар ҷаҳони муосир арзи ҳастӣ менамояд, дар рушд ва пешрафти кишвар нақши калидӣ мебозад.

Бешак, дар ҷаҳони муосир, ки мо ҳамқадами онем, омӯзиши забони англисӣ на танҳо ҳамчун воситаи муошират дар миёни миллатҳои гуногун, балки ҳамчун унсури муҳим барои рушди байналмилалӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои глобалӣ зарур аст. Забони англисӣ имрӯз як забони универсалӣ, як воситаи асосӣ барои пайваст кардани кишварҳо ва ташкилотҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Дар Паём, Пешвои миллат махсусан ба рушди байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ мекунад, ки муҳимтарин шарт барои муваффақият дар ин соҳаҳо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муҳими глобалӣ, донистани забони англисӣ мебошад. Барои амалӣ кардани лоиҳаҳои байналмилалӣ, чи он лоиҳаҳои иқтисодӣ, илмӣ ё чи иҷтимоӣ, ҳамкориҳо миёни кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ муҳим аст. Ва барои ин ҳамкориҳо забони англисӣ ҳамчун як забони муошират ва ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Масалан, барои ҳамкориҳо дар бахши илму иқтисод, донистани забони англисӣ барои ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар дигар кишварҳо зарур аст, ки бо ҳамдигар ҳамкорӣ ва алоқа дошта бошанд. Мақсади ин ҳамкориҳо, инчунин, мубодилаи таҷриба ва манфиатҳои мутақобила бо истифодаи забони англисӣ амалӣ мегардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ забони англисӣ ҳамчун забони аслии илм ва технология пазируфта шудааст. Ҳар рӯз, ҳазорҳо мақолаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ба забони англисӣ нашр мешаванд ва донишмандону мутахассисон аз саросари ҷаҳон барои мубодилаи дониш ва натиҷаҳои таҳқиқоти худ бо ҳамкорони хориҷӣ аз забони англисӣ истифода мебаранд. Агар ягон донишҷӯ ё муҳаққиқ кӯшиш кунад, ки ба маҷмуаҳои илмии байналмилалӣ дохил шавад ё дар муҳити илмии ҷаҳонӣ иштирок варзад, донистани забони англисӣ барои ӯ як шарти муҳим мебошад. Дар ин росто технологияҳои пешрафта, ба мисли платформаҳои онлайнӣ, барномаҳое, ки бо ёрии AI (зеҳни суъӣ) кор мекунанд ва истифодаи VR ва AR имконият медиҳанд, ки мо забони англисиро осонтар ва самарабахштар омӯзем. Лоиҳаҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои саломатӣ, муҳити зист, инфрасохтор ва илм бо истифода аз забони англисӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди кишварҳоро муаррифӣ менамоянд. Забони англисӣ на танҳо барои амалӣ кардани лоиҳаҳои байналмилалӣ, балки барои муошират, рушди омӯзиш ва имкониятҳои ҷаҳонӣ низ муҳим аст.

Дар солҳои охир, истифодаи барномаҳо ва платформаҳои онлайнӣ, ки хоси омӯзиши забони англисианд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Барномаҳое, ба мисли Duolingo, Babbel ва Memrise, на танҳо барои ёдгирии калимаҳо ва грамматика, балки барои коркард ва таълими усулҳои фаъол, муошират бо намояндагони фарҳангҳои дигар бо забони англисӣ мусоидат мекунанд. Онҳо барои шиносоӣ бо фарҳангу забон барои наврасону ҷавонон бо тавсеаи муошират дар заминаи технологияҳои нав кӯмак мерасонанд.

Истифодаи шаклҳои виртуалӣ (VR) ва нармафзо барои таълим дар ҳамаи соҳаҳо, ба хусус забонҳои хориҷӣ муҳим аст. Тағйироти технологии нав ба омӯзгорон ва донишҷӯён имконият медиҳанд, ки аз равишҳои интерактивӣ ва воқеӣ барои омӯзиши забон истифода баранд. Мисолан, истифодаи VR метавонад муҳити имитатсионӣ эҷод кунад ва донишҷӯён метавонанд бо дигар ашхос дар шароити воқеӣ муошират кунанд Ин ба онҳо барои такмили забони англисӣ кӯмак мерасонад.

Таълим бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои омӯзиши забон ва истифодаи он дар истеҳсолот хеле умда мебошад. Барномаҳое, ки бо ёрии зеҳнӣ сунъӣ коркард мегарданд, ба забономӯзон кӯмак мекунанд, ки қобилияти муошират ва истифодаи дурусти забонро беҳтар кунанд. Омӯзиши забони англисӣ на танҳо муоширатро дар соҳаҳои илму иқтисод дастгирӣ мекунад, ҳамчунон барои дарки фарҳангҳои гуногун ва рушди муносиботи фарҳангӣ низ муҳим аст. Кишварҳо, ки мехоҳанд ба фаҳмиши амиқтаре оид ба фарҳангҳои худ дошта бошанд, барои ноил шудан ба ин мақсад бояд забони англисиро ҳамчун забони умумифарҳангӣ истифода баранд. Филмҳо, китобҳо, барномаҳои телевизионӣ ва хидматҳои интернетӣ, ки аксар вақт ба забони англисӣ пешниҳод мешаванд, имконият медиҳанд, ки одамон бо фарҳангҳои дигар ошно шаванд ва нисбат ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ арҷгузорӣ намоянд.

Бо таъкид аз гуфтаҳои боло мақоми воқеии забони англисӣ ва омӯзиши онро ҳамчун яке аз омилҳои ҳалкунандаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон ба назар бояд гирифт. Донишҷӯйи имрӯзаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба зиндагӣ чун шахси ҳирфаӣ ва шахсияти забондони дорои фарҳанги баланд ва ҷаҳонбинии васеъ бояд ворид гардад. Ҷавонони имрӯзаро тавре тарбия кардан зарур аст, ки дар шароити ҳамгироии амиқи мардуми Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷи кишвар фаъолият карда тавонанд. Аз ин рӯ, тамоми шароитро барои таълим ва омӯзиши забони англисӣ фароҳам оварда, онҳоро бояд ба мустақилият одат кунонд ва фазои васею мусоидро барои ташаббус ва кори эҷодӣ муҳайё сохт. Бояд иброз дошт, ки яке аз нишондиҳандаҳои фаъолияти МТОК фаъолияти дурнамо ҷустуҷӯйи роҳҳои самаранок ва шаклҳои татбиқи ҳадафу ғояҳое мебошад, ки дар «Барномаи давлатӣ оид ба такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то солҳои 2020-2030» инъикос ёфтанд. Ҳамзамон шинохтани ҷумҳурӣ аз тарафи кишварҳои дигар ва барпо кардани муносибат ва робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ худ дигаргуниҳои азим ба шумор мераванд. Барқарор гардидани робитаҳои байналмилалии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар назди маорифи кишвар вазифаҳои муҳимеро гузоштаанд.

Ин, пеш аз ҳама, талаботи ҷиддӣ ба омодасозии мутахассисони баландсавия мебошад, яъне имрӯз мутахассисонеро бояд тарбия намуд, ки онҳо қодир бошанд мушкилоти кишварро дар сатҳи байналмиллалӣ ҳал намуда, баробари ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷумҳуриро дар хориҷ муаррифӣ намоянд. Ин аст, ки зарурияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун самти афзалиятноки маорифи ҷумҳурӣ баргузида шудааст. Омзиши забони русӣ ва алалхусус англисӣ имрӯз, бидуни шубҳа, талаботи замон аст.

Ҳамчунон, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат қайд намуданд, ки моро зарур аст ҷиҳати боз ҳам беҳтаргардонии ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон ва расидан ба ҳадафҳои рушд ва тарқиёти кишвар ба соҳаи илму маориф афзалият ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намоем. Зеро бе рушди илму маориф ва техникаву технологияи замони муосир, ки бидуни донистани забонҳои хориҷӣ ғайриимкон аст, мо наметавонем ба ҳадафу мақсадҳои олии худ расида, дар сафи кишварҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳонӣ мутамаддин қарор гирем.

Зикруллоҳзода Фарҳод Зикруллоҳ – дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Данғара