(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳамасола ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ заминаҳои асосии рушди дохилӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян менамояд. Ин санади стратегӣ фарогири таҳлилу натиҷагириҳои амиқ дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёт мебошад.
Паёми Пешвои миллат на танҳо як ҳуҷҷати расмӣ, балки роҳнамо ва дастурамали фаъолият барои тамоми қишрҳои ҷомеа ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба шумор меравад. Омӯзиши нуқтаҳои меҳварии Паём дар шароити муосир аз бисёр ҷиҳат аҳамияти ҳаётӣ дорад:
1. Самтҳои асосии сиёсати давлатиро муайян мекунад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳим, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, амният, ҳуқуқ ва рушди маърифати шаҳрвандӣ тавсиф меёбанд;
2. Ба Ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳо вазифа мегузорад. Дар Паём Роҳбари давлат вазифа ва чораҳои мушаххасро барои амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии шаҳрвандонро қарор медиҳанд;
3. Нақши танзимкунанда дорад. Паём як барномаи мукамал, роҳнамо барои мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва шаҳрвандон дар самти рушду устувори кишвар аст. Яъне бояд ҳар як шаҳрванд ва мутахассисони касбу кори гуногун Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлатро мавриди омӯзиш қарор дода, дар асоси он фаъолият ва кору пайкори худро ба роҳ монад;
4. Мақоми муттаҳидкунандаи миллӣ дорад. Дар Паёми Пешвои миллат арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мақоми махсус дошта, шаҳрвандонро ба худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва сулҳу суботи доимӣ дар пояи арзишҳои миллӣ ва асолати миллӣ ҳидоят карда мешавад;
5. Паём барномаи мукаммали таҳлил ва баррасии дастовардҳо ва мушкилотҳои мавҷудбуда маҳсуб меёбад. Дар паёми Роҳбари давлат натиҷаҳои яксолаи рушд ва камбудиҳо нишон дода мешаванд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъалаи занҳо ва дастгирии онҳо мебошад, ки дар шароити имрӯза аз аҳамият холӣ намебошад. Ҳанӯз Роҳбари давлат дар аввалин паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки дар таърихи 30.04.2001 ироа гардида буд, ба масъалаи занон таваҷҷуҳ намуда, ироз доштаанд, ки: “...Яке аз нишондиҳандаҳои асосии солим, озодипарвар ва воқеан демократӣ будани ҷомеа, ин то чи андоза дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъол будани занон мебошад”. Аз ин ба баъд, Пешвои миллат ба масъалаи таҳсилот, соҳибкасб намудани занон, ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, инчунин вобаста ба ин масъала як қатор барномаҳо ва стретегияҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гардид. Ин раванд дар фаъолшавии занон, иштирокашон дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкории онҳо корҳои бузургеро анҷом додаанд. Чуноне, ки Роҳбари давлат дар Паёми соли 2025 иброз намудаанд: «Бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар мамлакат мо фармони махсус қабул намудем, ки дар муддати кӯтоҳ самараи нек дод ва боиси афзудани нақши занон дар ҷомеа гардид. Як қатор занони қобилиятнок ва ботаҷриба ба мансабҳои масъули давлатӣ таъин шуданд, ки бомуваффақият адои вазифа мекунанд. Онҳо собит намуданд, ки занон аз ӯхдаи ҳама гуна вазифаи душвор баромада метавонанд». Роҳбари давлат дар аввалин паёмашон масъалаи занонро дар мадди аввал қарор дода, иброз намудаанд, ки дар маҳалҳо бояд ба масъалаи ба кор ҷалб намудани занони лаёқатманд, эътибори ҷиддӣ дода шуда, барои ҳавасманд намудани онҳо тадбирҳои иловагӣ оид ба таҳсили занон ва бонувон андешида шуда, аз ноҳияҳои дурдаст занону бонувон ба воситаи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёми солонаи хеш дар соли 2024 ба масъалаи мақому манзалати занон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”. Ин масъалае мебошад, ки давлату ҳукумати мамлакат ба масъалаи мазкур аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳ намуда, нисбати занон ва модарон эҳтироми хоссаро қоил мебошанд. Ин аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар шароити соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд, ки ин натиҷаҳои хеле баланд мебошад. Ин ҳама дастовардҳо дар масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва натиҷаи иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар Пешвои муаззами миллат мебошад, ки занони мо имрӯз ҳамчун зан- додар, зан - хизматчии давлатӣ, зан-олим, зан-варзишгар, зан-соҳибкор, зан-вазир, зан-омӯзгору табиб кору фаъолият менамоянд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Боиси зикри хос аст, ки имрӯҳо дар баробари соҳаҳои гуногун маориф, фарҳанг, тандурӯстӣ, хизматчии давлатӣ имрӯз занони мо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар рушду инкишофи иқтисодиёти мамлакат, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, корҳои ободониву созандагӣ ва пешрафту тарақиёти мамлакат хизматҳои шоён менамоянд. Ин аст, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Ин ҳама натиҷаи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад, км аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, занон ва бонувони мамлакат дар рушди соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, корҳои давлатдорӣ, ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ нақши муҳим доранд. Занони мо имрӯз баҳри тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва давлату давлатдорӣ нақши муҳиб доранд. Дар Паёми сололна ба Маҷлиси олӣ 16.12.2025 қайд намудаанд, ки “Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ қайд намудаанд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.
Гулзода Наҷиба Абдулмаҷид – н.и.п., и.в., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.


