МЕРОСИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025)

Дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон пас аз фурӯпошии давлатдории Сомониён – охирин муассисаи фаробузурги миллии сиёсӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва ёдгориҳои миллии тоҷикон куҷо, мавзуи мондагории миллати тоҷик сахт зери суол қарор гирифта буд. Аксари давлатмардон ва хонадонҳои сиёсие, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон бар сари қудрат меомаданд ва дар тахти давлат менишастанд, дар муддати беш аз ҳазор сол на ин ки дар андешаи тақдири миллати тоҷик набуданд, балки ҷуз аз тасоҳуби замину марзҳо ва ғасбу ғорати мардум ва давлатҳои ҳамсоя фикри дигаре дар сар надоштанд. Аслан, дар асрҳои пеш, бахусус дар марҳилаи аз байни рафтани Сомониён, андешаи миилӣ, ҳифзу наҷоти миллат, бузургдошти миллат ва ҳар арзише, ки бастагӣ бо миллат дошт, бо ин маъние, ки имрӯз дар зери мафҳуми миллат фаҳмида мешавад, мавҷуд набуд.

Ин ҳолат то фурӯпошии охирин давлатдории амирӣ – Аморати Бухоро, ки дастгоҳи он тавассути Манғитиён ё, чунонки дар сарчашмаҳо қайд шуда: Хонадони Маноғита пойбарҷо буд, идомат намуд, то ин ки бо бунёди Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон қаблан дар ҳайати Ҷмуҳурии Узбекистон, баъдан, бо бунёди Ҷумҳурии Шуравии Сусиёлиёстии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ҷамоҳири алоҳидаи ба истилоҳ бародарӣ дар ҳайати 15 ҷумҳурии ИҶШС миллати тоҷик то ҷое дами озод кашид ва ин имкон фаро овард, ки абармандони он дар андешаи миллат, марзу буми миллӣ ва мондагории миллат шуданд. Дар даврони сиёсати шуравӣ буд, ки фарзандони фарзонаву худогоҳи миллат – Нусратуллоҳи Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур, устоди бузург Садриддин Айнӣ, баъдан аллома Бобоҷон Ғафуров дар пайи ҳифзи миллат, мероси марзиву бумӣ, бузургдошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгони хеш гоми устувор бардоштанд ва дар ин роҳ, метавон гуфт, ҷони азизи хешро низ нисор карданд. Ҷойи шубҳае нест, ки ҳар порча хоки имрӯзи Ватани азизамон, меросҳову ёдгориҳои зиёди илмиву фарҳангии мо маҳз ба шарофати ҷоннисориҳову қаҳрамониҳои абармардони баруманди фавқуззикри миллати тоҷик ба мо – фарзандону наберагони ин бузургон омада расидаанд. Мо – тоҷикон абадан мадюну вомдори Нусратуллоҳи Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ҳастем, барои ҳар порча сарзамини меросгирифта, барои созмону бунёди нахустин вазоратҳову муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ, барои таъсиси “Иттифоқи нависандагон”, барои тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик”, барои шаҳкитоби “Тоҷикон” ва барои ҳазорҳо хидматҳое, ки баъдан фарзандону наберагони ин бузургон дар пайравӣ аз онон дар ҳифзи амонате, ки аз онҳо ба вом гирифтаанд.

Аммо мерос гирифтани арзишҳои миллӣ – ин ҳанӯз хотимаи кор нест, чун маълум аст, ки агар касе аз каси дигар ягон чизи қиматбаҳоеро ба мерос бигирад, онро бояд ҳифз бикунад, дар нигаҳдошти он эҳтимоми ҷиддӣ варзида тавонад, зеро садҳо чашми бегона ба сӯйи он хоҳад буд, онро ғасб хоҳад кард, онро аз худ хоҳад кард, ҳамеша дар андешаи ғасбу аз худ кардани он аст ва дар ин фикр ҳеч гоҳ ором наменишинад. Дар муддати даврони шуравӣ чунин ҳолат ҳам бар сари миллати тоҷик омад, чунин азхудкуниҳо ҳам рӯйи кор омаданд. Чунончи, баъзе бегонаҳо дар пай шуданд, ки устод Рӯдакиву мақбараи ӯро моли фарҳанги худ бикунанд, Ибни Синоро намояндаи миллати худ муаррифӣ бикунанд ва ҳамчунин, кӯшиш карданд ва карда истодаанд, ки садҳо маворис ва ёдгориҳои миллии моро тасоҳуб бикунанд.

Ба хушбахтии миллати тоҷик, ба хушбахтии фарҳангу тамаддуни тоҷикон, ба хушбахтии риояти амонат нисбат ба муқаддасоти ниёгон тақдир ба мо боз як абармард ва фарзанди ростини миллатро ба исми шарифи Эмомалӣ Раҳмон арзонӣ дошт, ки дар қатори чаҳор бузургмард ва қаҳрамони миллат – Нусратуллоҳи Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров баҳри ҳифзу нигаҳдорӣ ва мондагории арзишҳо ва мероси фарҳангии миллат саъю талоши беназир карда истодааст. Бо матонату итминон метавон гуфт, ки ин марди шариф навода ё абераи ростини хонадони шарифи сиёсии миллат – Сомониён хоҳад буд, чаро ки чун хонаводаи бузургу шарифи Сомониён ҳамеша дар ҳифзи побарҷойиву ростойии “девори миллат” талош мекунад.

Пешвои муаззам аз нахустин рӯзҳое, ки дар маснади олии кишвар нишастанд, то бад-ин рӯзон ҳамвора дар пайи ҳифзу бузургдошти кулли арзишҳои миллӣ, гирифта аз хурдтарину ҷузъитарини онҳо то ба меросҳову ёдгориҳои бузургу фаромиллӣ саъю эҳтимом варзида истодаанд ва мо натиҷаҳои талошҳои ин марди наҷибро ҳамвора дар суханрониҳое, ки эшон дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш ва вохӯриҳои гуногунмазмуни худ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа (аз ҷумла, бо аҳли зиё ва маорифчиён ва монанди инҳо) барпо мекарданд, мушоҳида менамоем.

Дар Паёми гаронбору хушпайки имсола низ Пешвои муаззам дар иртибот бо соҳот ва бахшҳои гуногуни ҷомеаи кишвар аз як соли гузаштаи ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ ва дигар дигар бахшҳои иҷтимоии кишвар натиҷагирӣ карда, роҷеъ ба соли пешомад, яъне соли нав тадбирҳои басо хушояндкунандаро нақшагузорӣ намуданд. Чун мақсуди мо аз навишти ин чанд сатр, аслан, бастагӣ бо ҳаёти фарҳангии кишвар ва ироаи он дар Паёми имсолаи муҳтарам Пешворо дорад, бад-ин ҷиҳат, навиштаҳои хешро бар ибтикороти ин марди шариф дар ин самт ва нақшаҳои марбут бар онро дар соли нав мутамарказ мегардонем. Нуктаҳоеро, ки ин ҷониб дар иртибот бо фарҳанг ва ёдгориҳову меросҳои фарҳангии миллати тоҷик дар Паёми Пешво дарёфтам, дар умум, онҳоро метавон дар 9 банди алоҳида радабандӣ кард. Ин 9 банд, дар навбати худ, бо ҳамдигар робитаи зич дошта, дар якҷоягӣ як муҷтамаи бузургу устувори фарҳангиро дар зеҳни ҳар хонанда мунаққаш мегардонад. Ёдкарди ин бандҳо ҷиҳати тарбияти худшиносиву меҳанпарастии ҳар фарди миллат шоиста буда ва, чунонки худи Пешвои муаззам қайд карданд, дар “бедор кардани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”. Чунончи:

1. Сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаи фарҳанг. Доир ба ин мавзуъ муҳтарам Пешво зикр карданд, ки 150 иншооти соҳаи фарҳанг бунёд ёфта, ҳамчунин, 350 иншооти дигари соҳаи мазкур таъмиру навсозӣ шуданд.

2. Чопи ду китоби бузург: аввалан “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, баъдан “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ. Ин ду шаҳкитоби миллат, чунонки Пешвои азиз дар Паём зикр карданд, ба теъдоди 3 миллиону 200 ҳазор нусха ба нашр расиданд. Ҷуз аз китобҳои мазкур, ҳамчунин, ба дастури худи Пешво 900 номгӯйи адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуданд. Чопу нашр осори фавқуззикр, чунонки Пешвои муаззам зикр кардаанд, “ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон”, роҳандозӣ гардидаанд.

3. Ворид кардани ёдгориҳои Хуттали Қадим ба феҳристи мероси ҷаҳонии Юнеско. Тибқи пайғоми хуҷастаи Пешво, дар соли 2025 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим дар шумули: ноҳияҳои ёдгориҳои Ҷалолиддин Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон ба феҳристи мероси ҷаҳонии Юнеско дохил карда шуданд.

4. Ҳамчунин, аз ҷониби бахши фарҳангии Юнеско қабул шудани қатънома роҷеъ ба эътироф шудани шаҳри бостонии Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ”.

5. Солҳои 2026-2027 эълон доштани бузургдошти 1050-солагии шоирзани маъруфи классикии тоҷик Робиаи Балхӣ. Робиаи Балхӣ аз адибони номвари миллати тоҷик маҳсуб мешавад, ки дар таърихи шеъру адаби порсӣ на ки миёни занони суханвар, миёни кулли адибони даврони сомонӣ мақому манзалати хосса дорад. Ҷойгоҳи муртафеи Робиа, аввалан, иборат аз он аст, ки ӯ аввалин зани шоир дар таърихи шеъру адаби порсист; баъдан, аксари машоҳири шеъру адаб дар осори хеш ба поси эҳтирому икром роҷеъ ба ин зани суханвар сухан рондаанд.

6. Танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният)”. Чунонки аз таърих маълум аст, Куруши Кабир шаҳаншоҳи яке аз қадимтарин давлатҳои Эрони Бостон – давлати Ҳахоманишиён буда, солҳои 559-530 то солшумории милодӣ ҳукумат рондааст. Сиёсати Куруш, бар мабнои асноду ҳуҷҷатҳои кутуби таърих ва дигар сачашмаҳои қадим, аслан, бар пояи дӯстиву таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳама ақвому миллатҳо, чи халқиятҳои бузург ва чи ақаллиятҳо устувор будааст. Шуҳрати дигари Куруш ба тавассути “Эъломия”-и ӯст, ки дар дунёи имрӯз ба исми “Нахустин эъломияи ҳуқуқи башар” маъруфият пайдо кардааст.

7. Ҳамчунин, Пешвои миллат ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур доданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии Юнеско ворид намудани номи Борбади Марвазӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин дастур мабно бар ин бувад, ки Борбади Марвазӣ – хунёгари бузурги даврони Сосониён дар рушду инкишофи мусиқӣ ва, умуман, фаврҳанги ҷаҳонӣ нақши бузург дошта, саҳми таърихии он шоистаи арҷгузорӣ аст.

8. Дар баробари ин, Пешвои муаззам ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Конуни мазкур бояд ба ҳайси маркази таблиғу ташвиқ ва интишори фарҳангу тамаддуни ориёӣ хидмат бикунад ва дар интишори таърихи миллати тоҷик дар такя ба деринаи ҳузури тоҷикон дар саҳнаи илму маърифати дунё саҳм бигузорад.

9. Ҳамчунин, ба мисли Конуни тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе бунёд додани Маркази байналмилалии Наврӯз – ин дастури дигарест, ки Пешвои муаззам дар робита ба фарҳангу тамаддун ва бузургдошти ёдгориҳои бостонии миллат дар Паёми хеш ба мақомотҳои дахлдор дастур доданд.

Он чи дар боло дар истиқбол аз Паёми сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, чунонки мушоҳида мешавад, танҳо ба як бахши ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар – фарҳанг ва тамаддун тааллуқ дорад, ки дар Паёми Пешво аз он ба унвони ёдгориҳои таърихӣ зикр шудааст. Миллат, албатта, ба таърихи сарнавишт зинда аст ва он миллате даъвои деринадорӣ карда метавонад, ки таърихи деринаи худро дошта бошад. Ва ҳар миллате, ки деринаи таърихӣ дорад, метавонад даъвои нигаҳбонӣ аз таърих бикунад. Ҳар кӣ даъвои нигаҳбонӣ аз таърих мекунад, ӯ, бегумон, соҳибтаърих аст. Ҳар ки соҳибтаърих аст, ӯ бояд амонатдори таърихи худ бошад ва дар пайи ҳифзи ин амонат бошад. Вагарна дигарон ҳатман дар пайи тасоҳуб ё соҳибии он хоҳанд шуд, зеро асри XXI асри ғасбу тасоҳуби на танҳо кишварҳо, ҳамчунин, фарҳангҳову тамаддунҳо ва таърихҳост. Асри XXI асри ҷаълу дуздии рӯйирос аст! Ҳикмати ин бахши Паёми Пешвои муаззам ҳам дар ҳамин нуҳуфта аст.

Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич - д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара