Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварро фаро мегирад, бояд барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун дастурамали кору фаъолият қарор гирад.
Дар Паём Пешвои миллат барои мутахассисон ва олимони соҳаи кишоварзӣ нуктаҳои зеринро баррасӣ намуданд: “Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид. Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт. Итминон дорам, ки бо дарназардошти чунин шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд...”
Аз рӯйи нишондодҳои мазкур барои беҳтар кардани амнияти озуқавории кишвар мутахассисон ва олимони соҳаи кишоварзӣ бояд дар назди худ вазифа гузоранд, ки то дар ин иқдом ҳиссагузорӣ намоянд. Дар ин асно, бояд ба тамоми кишоварзон ва заминистифодабарандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Албатта, бештари кишоварзон аз ин матлабҳо хабардор ҳастанд, вале қисме аз онҳо ба роҳбаладӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ин лиҳоз, барои иҷроиши мушаххаси дастуру супоришҳо ва корҳои амалӣ маслиҳат, машварат ва роҳбаладии мутахассисону олимони варзида лозим аст.
Ҳадафи асосии низоми зироаткорӣ дар баробари ба даст овардани ҳосили баланду хушсифат нигоҳдорӣ ва беҳтар кардани ҳосилхезии хок барои истифодаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Кишоварзон бояд инро хуб дарк намоянд ва талаботи агротехникии парвариши зироатҳоро бо дарназардошти навгониҳои илму технология риоя намоянд.
Пеш аз ҳама, самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагӣ, заминҳои Президентӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва минтақаҳои таҷрибавию тухмипарварӣ дар мадди аввал меистанд. Вазифаи асосии мутахассисон ва олимони соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи таҷрибаҳои гузошташудаи амалӣ ва натиҷаҳои мусбии ба дастомада бо кишоварзон ҳамкорӣ намудан ва бештар ба роҳ мондани корҳои илмию амалӣ мебошад. Масалан, вобаста аз шароити хоку иқлими минтақа ба даст овардани ду-се ҳосил дар давоми гардиши як сол, гузоштани таҷрибаҳо барои бо роҳи дуруст риоя кардани агротехникаи парвариши зироатҳо, бо хароҷоти нисбатан камтар ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, истифодаи препаратҳои танзимкунандаи инкишофи зироатҳо, истифодаи навъҳои ноҳиябандишудаи пурмаҳсул ва ғайра. Барои баланд бардоштани самаранокии нуриҳои органикию минералӣ риоя кардани меъёр ва муҳлати истифодаи онҳо ба кишоварзон тавсияҳои дақиқ лозим меояд.
Дар соҳаи кишоварзӣ олимон бо бештари зироатҳо, аз ҷумла пахта, ғалладонагиҳо, полизиҳо, картошка ва дигар сабзавот таҷрибаҳои пурсамари саҳроиро гузаронида, тавсия ва пешниҳодҳои муфидро баррасӣ намудаанд, вале аз сабаби ба деҳқонон дастрас нашудани натиҷаҳои мусбӣ онҳо на ҳама вақт огоҳ мешаванд. Бинобар ин, олимон ва мутахассисонро зарур аст, ки тавсияҳои худро ба тариқи дастур ва тавсиянома ба чоп расонида, ба кишоварзон дастрас намоянд.
Ҳамзамон, олимони соҳаро зарур аст, ки барои татбиқи корҳои илмӣ дар истеҳсолот бо хоҷагиҳои минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамкорӣ намоянд. Дар бештари манотиқи ҷумҳурии мо олимони соҳаи кишоварзӣ метавонанд бо зироатҳои гуногун таҷрибаҳо гузошта, бо кишоварзони минтақа ҳамкорӣ намоянд ва натиҷаҳои самарабахшро ба даст оранд.
Дар Паём нуктаи дигаре, ки аз тарафи Роҳбари давлат дарҷ гардид ин “...ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор масъалаи муҳим дар ин самт мебошад” ва ин ҳам асосан барои рушди соҳаи пахтапарварӣ ҳаст. Бинобар ин олимон ва мутахассисони ин соҳаро низ зарур аст бо хоҷагиҳои пахтапарварӣ дар ҳамкориҳои доимӣ қарор дошта бошанд. Ин соҳаи ҳаётан муҳимро барои рушди саноати мамлакат ва баланд бардоштани буҷаи давлат аз ҳисоби коркарди маҳсулоти он дар дохили кишвар рушд додан зарур ҳисобида мешавад.
Пахтакорӣ дар ҷумҳурии мо соҳаи асосии растанипарварӣ ба ҳисоб меравад ва ин зироати муҳими стратегиро дар хоҷагиҳо аз рӯйи натиҷаҳои пешқадами амалан ба дастомада ба роҳ мондан лозим меояд. Барои ин дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки хоҷагиҳои пахтапарвар фаъолият доранд, аз донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва дигар нафарони ба корҳои илмӣ машғул истифода бурдан зарур аст, зеро ин имкониятҳои пешравии ин соҳаи пурқиматро мусоидат менамояд.
Рушди соҳаи пахтапарварӣ дар шароити тағйирёбии иқлим равишу технологияҳои мутобиқшавандаро талаб менамояд, ки барои парвариши ҳосили дилхоҳу хушсифат бояд нигронида шаванд. Пеш аз ҳама, бунёд ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои устувор, риояи талаботи агротехникаи парвариш дар давраи нашъунамо, омӯзиш ва татбиқи технологияи пешқадами дигар кишварҳо дар соҳаи пахтапарварӣ аз ҷумлаи чораҳои зарурӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, олимон, мутахассисон ва кишоварзон барои пешравӣ ва рушди самти кишоварзии мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, бояд барои иҷрои вазифаҳои худ ҳама вақт омода бошанд.
Ҳафизов А.А. – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара


