Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Ин санади барномавӣ на танҳо натиҷаҳои фаъолияти давлатро дар марҳалаи муайян ҷамъбаст менамояд, балки самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян месозад.
Хусусияти фарқкунандаи Паём дар он ифода меёбад, ки он бо таҳлили амиқи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва нигариши стратегӣ ба оянда таҳия мегардад. Сарвари давлат бо такя ба нишондиҳандаҳои мушаххас собит месозанд, ки сиёсати пешгирифтаи кишвар дар самти таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, устувории низоми молиявӣ ва рушди бахшҳои калидии иқтисод далели равшани ин раванд мебошанд.
Дар Паём ба масъалаи иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Пешрафти босуръати технологияҳои муосир талаб мекунанд, ки низоми идоракунии давлатӣ, иқтисод ва заминаи ҳуқуқӣ бо ин раванд ҳамқадам бошанд. Таъкиди Сарвари давлат оид ба ташаккули идоракунии рақамӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди шаффофият, самаранокӣ ва кам намудани таъсири омили инсонӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ин самт дар баробари рушди иқтисодӣ, такмили сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеаро низ таъмин менамояд.
Ҷанбаи муҳими дигари Паём ба рушди ҳуқуқ ва маърифати ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» далели эътирофи саҳми кишвар дар рушди фарҳанги ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, махсусан факултетҳои ҳуқуқ, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, то дар самти таҳқиқоти илмӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муосир ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар Паём ҳамчунин ба масъалаи саноатикунонии босуръат ва рушди энергетика таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардидааст. Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегии энергетикӣ, аз ҷумла идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ворид месозад. Ин раванд на танҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки аҳаммияти стратегӣ ва ҳуқуқии миллӣ дошта, заминаи устувори рушди дарозмуддатро фароҳам меорад.
Ҷойгоҳи маориф ва илм дар Паём мавқеи калидӣ дошта, ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба ояндаи давлат арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат бо таъкиди он, ки рушди устувор бидуни неруи инсонӣ ва илми рақобатпазир ғайриимкон аст, самтҳои асосии ислоҳоти соҳаи маорифро мушаххас менамоянд. Афзоиши мунтазами маблағгузорӣ ба маориф, беҳтарсозии инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими пояи моддию техникии донишгоҳҳо далели равшани ин сиёсати пайгирона мебошад.
Дар Паём омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсилот ҳамчун қадами муҳим дар роҳи мутобиқ намудани маорифи миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Ин иқдом барои боло бурдани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон заминаи мусоид фароҳам оварда, пайванди мантиқии миёни мактаб, таҳсилоти олӣ ва бозори меҳнатро тақвият мебахшад.
Таваҷҷуҳи махсус ба сифати таҳсилоти олӣ ва рушди илм равона гардидааст. Дар Паём таъкид мешавад, ки донишгоҳҳо бояд тадриҷан аз муассисаҳои танҳо таълимдиҳанда ба марказҳои таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ табдил ёбанд. Густариши фаъолияти пажӯҳишӣ, ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки дорои тафаккури интиқодӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи замон бошанд, аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Бо чунин равиши стратегӣ, маориф ва илм ҳамчун омили асосии таъмини истиқлоли зеҳнӣ ва рушди дарозмуддати кишвар баррасӣ мегарданд. Барои ҷомеаи донишгоҳӣ Паём на танҳо санади сиёсӣ, балки як даъвати ҷиддӣ ба масъулият, навоварӣ ва иштироки фаъол дар раванди рушди миллӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳорчӯби стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян менамояд, аммо татбиқи самараноки он мустақиман ба сатҳи рушди илм, маориф ва иқтидори зеҳнии ҷомеа вобаста мебошад.
Фирӯзи Сулаймонӣ Давлатзода – н.и.т., дотсент, декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир.


