НАҚШ ВА МАҚОМИ ДАРОМАДИ ОИЛАҲО ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ОИЛА

(дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз 16 декабри соли 2025)

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба даромади миллӣ якчанд масъалаҳои асосиро дар бар мегирад. Аз ҷумла зикр гардидааст, ки: “...Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”.

Тавре ки маълум аст, дар шароити иқтисоди бозорӣ мазмуни мафҳуми «даромадҳои аҳолӣ» куллан тағйир меёбанд. Дар давраи то муносибатҳои иқтисоди бозорӣ даромади аҳолӣ аз музди меҳнат, пардохтҳои натуралӣ ба кормандон, нафақа, кӯмакпулиҳо ва амонатҳои аҳолӣ иборат буд. Тағйирёбии шаклҳои моликият, пайдоиши шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ташкили бозори меҳнат ва сармоя дар сохти даромадҳои оилаҳо тағйироти куллӣ ворид намуданд.

Даромадҳои оилаҳо яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иқтисодии минтақаҳо ба шумор меравад. Аз як тараф, даромадҳои оилаҳо нишондиҳандаи муҳими сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ буда, аз тарафи дигар, захираи пурарзиш барои рушди иқтисодӣ, сарчашмаи сармоягузорӣ ва инкишофи инноватсионии минтақаҳо ба шумор меравад.

Даромадҳои оилаҳо на танҳо ҳамчун муайянкунандаи сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, балки ҳамчун нишондиҳандаи баҳодиҳӣ ва пешгӯикунии рушди иқтисодиёти миллӣ амал менамояд. Сабаби ин дар он аст, ки як қисми даромадҳои оилаҳо, аз ҷумла, амонатҳо ба сарчашмаи муҳими сармоягузорӣ барои рушди иқтисодӣ ва ҳалли барномаҳои иҷтимоии ҷомеа табдил меёбад.

Дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити моддии ҳаёти оилаҳо куллан тағийр ёфт. Гуногуни сохтории иқтисодиёт ба хусусияти шуғли аҳолии қобили меҳнат таъсир расонида, манбаҳои нави даромад пайдо шуда, шумораи бекорон ва ашхоси манбаъҳои даромадашон номунтазам меафзояд. Шароити нав ба таркиботи хароҷоти истеъмолии аҳолӣ, ба сохтори истеъмоли озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқа ва хизматрасонӣ таъсир мерасонад.

Сарвари кишвар дар Паёми навбатӣ қайд карданд, ки амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳаллаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.

Вобаста ба ин, барои бартараф намудани сатҳи кабизоатӣ таҳлили сарчашмаҳои даромади аҳолӣ ва истифодаи самараноки дороиҳои молиявӣ зарур шуморида мешавад. Масъалаи таҳқиқи даромадҳои оилаҳо, ба андешаи мо, бояд маҳз дар макроиқтисодиёт гузаронида шавад, зеро даромадҳои аҳолӣ асосан дар сатҳи хоҷагиҳои хонаводагӣ ба вуҷуд меояд.

Тағйироти бозорӣ дар иқтисодиёт ҷараёнҳои дар соҳаи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ амалишавандаро фаро гирифт. Таркиби даромадҳои оилаҳо куллан тағйир ёфта, имрӯз дар он сарчашмаҳои нав - даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, даромад аз моликият ва ғайра аҳамияти муҳим дорад. Аҳамияти ин сарчашмаҳои нави даромад барои гурӯҳҳои гуногуни оилаҳо якхела намебошад.

Ҳамин тавр, қишрҳо ва гурӯҳҳои гуногуни оилаҳо ба масъалаи такмили сиёсати даромадҳо таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Бо назардошти ин, дар соҳаи ташкил ва тақсими даромадҳои оилаҳо истифодаи муносибатҳои нав, ки дар он дахолати давлат дар ҳалли масъалаи мазкур бояд муҳим бошад, зарур мебошад. Татбиқи амалии чунин муносибатҳо аз бисёр ҷиҳат, ба фаҳмиши назариявӣ оиди масъалаҳои сиёсати даромадҳо, усулҳо ва механизмҳои ташкили даромадҳо дар сатҳҳои гуногун ва барои гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ, вобаста мебошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ масъалаи муайян намудани сарчашмаҳои даромади оилаҳо аз мавқеи пайдоиши он даромади меҳнатӣ ва ё даромади ғайримеҳнатӣ, аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Бояд қайд намуд, ки ин масъала бо тадқиқи сохти даромадҳои оилаҳо сахт вобаста мебошад. Дар баробари ин, имрӯз сарчашмаҳои гуногуни даромадҳои оилаҳо вуҷуд доранд, ки онҳо бояд объекти тадқиқоти назариявӣ гарданд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз як ҷиҳат ба тараққиёту ободии деҳоти мамлакат, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, боиси зиёд шудани даромадҳои оилаҳо ва ҳарчӣ беҳтар шудани зиндагии аҳолӣ мегардад.

Ҳамин тавр, дар шароити иқтисоди бозорӣ сарчашмаҳои гуногуни даромадҳои оилаҳо мавҷуд мебошанд, ки яке аз муҳимтарини онҳо машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад. Истифодаи самараноки сарчашмаҳои мазкур имкон медиҳад, ки оилаҳо даромадҳои пулӣ ва молии худро ҳарчӣ бештар намуда, сатҳу сифати зиндагии худро беҳтар намоянд. Дар ин самт барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои иқтисодии аҳли оилаҳо зарурати таҳияи дастурҳои методӣ ва таълимии гуногун ба миён меояд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти муҳим будани масъалаи ташаккул ва рушди иқтисодиёти оилаҳои ҷавон таҳлили масъалаҳои зерин аз манфиат холӣ нест:

-дарки мафҳуми оила ва иқтисодиёти хоҷагии оилавӣ;

-дарёфти роҳҳои ташаккул ва идораи молияи хоҷагии оилавӣ;

-ривоҷ додани соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун манбаи муҳими иқтисодиёти оила;

-самаранок ва мақсаднок истифода бурдани қарзҳои бонкӣ барои беҳтар шудани вазъи устувори молиявии оилаҳо;

-гузоштани пасандозҳо дар бонкҳо барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии оилаҳо.

Раҳимзода Муҳамммадҷони Назар – н.и.и., мудири кафедраи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Данғара.